logo

президент

Тоҷикистон ба кишвари транзити электронии иттилоот табдил меёбад

4 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини ҳамин шӯро бо иштироки аъзои он  ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Шӯро, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи иттилооту коммуникатсия, таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва тадбирҳо дар бораи ташкили ҳукумати электрониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз дар мамлакат барои компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таъмини дастрасии ҷавонон ба интернет, китобхонаҳои электронӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, шиносоии насли ҷавон бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тарғиби онҳо ба омӯзиши амиқи илмҳои замонавӣ, ташкили низоми ягонаи электронии молия, андоз ва гумрук, пардохтҳои ғайринақдӣ, бақайдгирии электронии субъектҳои соҳибкорӣ ва ба амал баровардани ҳукумати электронӣ тадбирҳои судбахш амалӣ мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори мамлакат доир ба васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар низоми идораи давлатӣ ва ҳамзамон таъмини амнияти иттилоотии кишвар супоришҳои мушаххас дод.
Доир ба рафти иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа ва нақшаҳои кории қаблан қабулшуда роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, молия, нақлиёт ва коммуникатсия ва намояндагони ассотсиатсияҳои интернет-провайдерон ва операторони алоқаи мобилӣ низ гузориш дода, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа ва бартараф сохтани камбудию монеаҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бо назардошти таҳлилҳо ва супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳодоти судбахши баёнгашта қарори Шӯрои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Дар қарор омадааст, ки нақшаи чорабиниҳои мушаххаси шӯро таҳия ва пешниҳод карда шавад, дар муддати як моҳ сохторҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Шӯрои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд, аъзои шӯро ҳар се моҳ аз рафти кори худ ҳисобот пешниҳод намоянд, котиботи доимамалкунандаи шӯро таъсис ёбад ва рафти иҷрои нақшаҳои қабулшударо пайваста зери назорат қарор диҳад.
Таъкид гардид, ки мутобиқи талаби давру замон тамоми вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ бояд сомонаи интернетӣ боз намуда, пайваста онро бо хабару гузоришҳо ва дигар матолиби нав таҷдид намоянд.
Изҳори боварӣ шуд, ки бо татбиқи босамари ин ҳадаф низоми идораи давлатӣ такмил ёфта, мубориза бо аъмоли коррупсионӣ осон мегардад, самаранокии иқтисодиёти миллӣ боло меравад ва Тоҷикистон ба кишвари калидии транзити электронии  иттилоот дар минтақа табдил меёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед