мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Меттис
9 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷеймс Меттис - Фармондеҳи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
«Мо ба муносиботи худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем ва ҷонибдори рушду густариши ҳарчи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем», - гуфт Сарвари давлати Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ аз ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Генерал Ҷеймс Меттис ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, барои мусоидати фаъоли кишвари мо ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон ва ба барқарорсозиии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлат арзи сипос намуд.
Таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётию барқии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ба манфиати таҳкими амнияту субот дар минтақа хоҳад буд. Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1931