мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии Сарвари давлат
Субҳи 11 феврал раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзо-да, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, телефонӣ ҳисобот доданд.
Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кӯҳна, вусъати корҳои ободонӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шунида, доир ба баланд бардоштании самаранокии корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки барои кишти саривақтии ғалладонагиҳо аз ҳар рӯзи ҳавои мусоид ва имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.
Дастур дода шуд, ки ҳар як ваҷаб замини корам мавриди истифодаи пурсамар қарор бигирад ва аз заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бояд бештар аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин гардад, то ки таъсири манфии омилҳои берунӣ коҳиш ёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1948