мулоқотҳо
Супоришҳои Президенти кишвар ба раисони вилоятҳо
Субҳи 12 феврал ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти киштукори баҳорӣ, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва вусъати корҳои ободонӣ зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба онҳо доир ба тезондан ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо дар самтҳои номбурда дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ аз ҳар рӯзи ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда шавад.
Дастур дода шуд, ки барои васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз ҳозир тадбирҳои судбахш андешида шаванд, то ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бояд фарҳанги волои истифодаи босамари замин ба одати доимии деҳқонону заминдорон табдил ёбад.
Ҳамчунин доир ба таъмини доимии мардум бо маводи озуқаворӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1937