logo

туризм

Рим — ҳамешашаҳр

Рим дар шумули шаҳрҳои куҳантарин ва бузургтарини ҷаҳон буда, аз лиҳози теъдоди  ёдгориҳои таърихӣ  ва фарҳангӣ ҳам дар қатори ғанитаринҳост. Беҳуда онро ҳамешашаҳр ном намебаранд!  Рим таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Забони лотинӣ, ки ин ҷо арзи ҳастӣ кардааст, садсолаҳо забони расмии фарҳанг (дар замони мо- тиб) ба шумор мерафт. Санъат ва меъмории Рим дар сартосари ҷаҳон ҳамчун намуна пазируфта шудааст. Қонунгузорие, ки ин ҷо роҳандозӣ гашт, асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёди Ғарбро ташкил кард. Масоҳати шаҳр 208,7 километри мураббаъ буда, якҷо бо атрофаш 3,8 миллион аҳолӣ дорад. Рим ба таърихи ҷаҳонӣ таъсири бесобиқае расондааст.
Рим — дили Италия, ҳамешашаҳре дар ҳафт теппа аст, ки, таври маълум, ҳамаи роҳҳо ба сӯи он мебаранд. Дар дохили Рим шаҳр-давлати Ватикан ҷойгир аст, ки маркази католикҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Ба ин ҷо ҳар сол миллионҳо сайёҳон аз ҳамаи кунҷу канори гетӣ ташриф меоранд, то аз дидани Форумҳои Рим ва Император, калисоҳои Антония ва Фаустина, Веста, Ромул, Кастор ва Поллукс, базиликҳои Эмелия ва Максенсия, Павели муқаддас,  Лавренсияи муқаддас, Пётри пойбазанҷири муқаддас, Хонаи Весталок, аркаҳои Тита ва Септимия, Виа Аппиа, Палатсо дел Флави, Стадион-ипподром, ипподроми куҳан Сиркус Максимус, Колизей (рамзи худи Рим), Пантеон, теппаи Капитолий, Катакомба, капеллаи Санта Санкторум ва дигар ёдгориҳои таърихӣ мафтун гарданд. Ҳамаи ёдгориҳои гузашта, беистисно, хеле ва хеле диданианд ва онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ин ҳамешашаҳранд ва Римро ба шаҳр-осорхонаи олиҷанобе табдил додаанд.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ бар он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар садаҳои X-IX пеш аз милоди Масеҳ (м.М.) дар ҷойи ҳозираи Рим бошишгоҳҳо мавҷуд буданд. Дар натиҷаи муттаҳид сохтани онҳо дар ибтидои садаи VI то м.М. Форуми Рим ба вуҷуд омадааст.
Нахустин сарварони Рим ҳафт шоҳи афсонавӣ будаанд. Аз соли 509-и то м.М. Рим худро ҷумҳурӣ эълон кард. Бо мурури замон ҳукумати шаҳр- давлати начандон калон рушд кард ва аз соли 270-и то м.М. қариб ҳамаи нимҷазираи Апеннин ва ҳудуди васеи берун аз онро дар ихтиёри худ қарор дод. Баъдтар ин шаҳр пойтахти империяи азими Рими Қадим эълон гашт. Авҷи равнақи шаҳр ба давраи ҳукмронии император Август рост меояд. Он замон аҳолии Рим аз 600 ҳазор то ба 2 миллион афзоиш ёфта буд ва калонтарин шаҳри ҷаҳон ба шумор мерафт. Суръате, ки бо он пойтахти империя сохта мешуд, то ба имрӯз тасаввур кардан душвор аст. Шаҳр теъдоди зиёди кохҳо, калисоҳо, роҳҳо дошт. Дар хонаҳои шаҳр оби гарму хунук, шабакаи фозилоб (канализатсия) ва дастгоҳи гармидиҳии марказӣ мавҷуд буд. Театрҳо, варзишгоҳҳо ва шабакаи муассисаҳои фарҳангиву тандурустӣ дар ҳаёти шаҳр нақши муҳим мебозиданд.
Вале шаҳрро шикасти дурударозе дар пеш буд. Иллати он паст шудани эътибори императорҳо, пайдоиши дини нав - насронӣ, ки ҷаҳонбинии хилофи бутпарастӣ дошт, ишғоли ҳудуди нави хеле азим, харҷи калони ҳарбӣ, ҳамлаҳои барбарҳо маҳсуб меёфт. Император  Константин соли 313 аз кеши насронӣ мамнуъиятҳоро бардошт ва соли 330 пойтахти давлатро ба Константинопол кӯчонд. Баъдтар, соли 380, император Феодосий насрониро дини давлатӣ эълон намуд. Бад-ин иллат Рим аҳамияти худро чун маркази сиёсӣ аз даст дод. Зараре, ки ба шаҳр дар натиҷаи ҳуҷумҳои барбарҳо расид ( соли 410 аз сӯи вестготҳо, соли 455- вандалҳо, аз соли 535- остготҳо, якчанд ҳуҷум, ба дараҷае ки соли 547 аҳолӣ ба ҷойи дигар кӯчонда шуд), онро ба таназзул овард. Он замон аҳолии Рим хеле коҳиш ёфт ва дар садаи VI ин ҷо ҳамагӣ 30-40 ҳазор одам монда буд. Шаҳр дар итоати Византия қарор дошт.
Танҳо дар миёнаҳои садаи VIII, замоне ки дар нимҷазираи Апеннин лангобардҳо ҳукумат меронданд, идораи Рим амалан ба дасти ворисони апостол Пётр — попҳо (епископҳои Рим) гузашт. Қудрати онҳо торафт меафзуд ва ниҳоят тавонистанд истиқлолияти Римро аз Византия муяссар гарданд. Соли 756 шаҳр пойтахти вилояти Поп шуд ва мақоми маркази калисоӣ-сиёсии Аврупои Ғарбиро гирифт.
Ҳамаи таърихи асримиёнагӣ барои Рим таърихи муборизаҳо байни попҳо ва императорҳои Рими муқаддас маҳсуб меёбад. Дар шаҳр амалан ҷангҳои кӯчагӣ қатъ намеёфт, бисёр  хонаводаҳои номдор барои қудрат мубориза мебурданд. Соли 1084 Рим сахт хароб карда шуд.
Дар миёнаҳои садаи XV Рим ба маркази азими Эҳё мубаддал гашт. Ин ҷо бисёр гуманистҳо, рассомон ва меъморони бузург, ба монанди Рафаэл Микеланҷело, Челлини, Алберти, Бйондо, Бернини, Барромини, Браманте, Браччолини, зиндагиву эҷод кардаанд. Ва боз дар ҳаёти ҳамешашаҳр пастиву баландиҳо пайи ҳам омаданд. Рим қиссаи мурғи Самандарро ба ёд меорад… Ниҳоят, баъди пушти сар кардани ҷангҳои италиявӣ (1494-1559), суқути иқтисодӣ (садаи XVII), инқилоби Фаронса (охири садаи XVIII), ҷангҳои Наполеон ва ҳамроҳшавӣ ба Фаронса, рӯйдодҳои инқилобии солҳои 1848-1849, фаъолияти озодихоҳии отрядҳои гарибалдиҳо, 2 октябри соли 1870 Рим ба ҳайати Италия ҳамроҳ карда шуд. 26 январи соли 1871 бошад, Римро пойтахти шоҳигарии Италия эълон намуданд. Вале шаҳр боз хеле вақт осуда набуд: ӯро ихтилофи нимасраи байни попҳо ва давлати Италия, даврони вазнини фашизм ва озодӣ аз ишғолгарон дар соли 1944 интизор буданд. Баъди барҳам додани шоҳигарӣ бошад, 2 июни соли 1946 Рим пойтахти Ҷумҳурии Италия гашт.
Имрӯз аз он даврони начандон хуш танҳо таърихнигорон ва худи шаҳр ёдовар мешаванд. Барои сайёҳон Рим осорхонаи азимеро дар фазои кушода мемонад, ки ашёҳои он ба аҳдҳои гуногун мансубанд. Ҳар сол беш аз 16 миллион сайёҳро дили Италия мепазирад.
Ҷойи аввале, ки сайёҳон дидан мехоҳанд, албатта, Колизей аст, ки 2000 сол боз рамзи Рим маҳсуб меёбад. Ҷойи дувум Форум мебошад, ки дар байни теппаҳои Палатин, Капитолий ва Эсквилин воқеъ гардидааст. Дар ҷараёни ошноӣ бо Рим имкон надорад, аз ҷойе, ки Ромул шаҳри навро сохт, дидан нанамоем. Теппаи Палатин гаҳвораи Рим аст, дар ин ҷо бошишгоҳҳои куҳантаринро пайдо кардаанд.
Теппаи Капитолий ҳам, бешубҳа, аз ҷойҳои хеле диданист. Ин ҷо Акропол — маркази сиёсиву динии шаҳр воқеъ буд.
Ва боз як ёдгории дигари мафтункунандаи шаҳр калисои Пётри Муқаддас — дили ҷаҳони католикҳо мебошад. Он бузургтарин калисои ҷаҳон аст.
Баъди ошноӣ бо Рим дармеёбӣ, ки онро фаромӯш кардан имконнопазир аст. Аз он рӯз барои ҷовидон тасвири ин шаҳр дар дили ту макон мегирад.

Тарҷума аз китоби «50 знаменитых городов мира»,
Харков, ФОЛИО, соли 2006


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед