logo

илм

"Таърихи халқи тоҷик" мукаммалтар шуд

Ҷилди шашуми китоби  "Таърихи халқи тоҷик" ҳам то рӯзҳои ҷашни 20-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба дасти хонандагон мерасад. Ин ҷилдҳо кадом воқеаҳои таърихи кишварро дар бар мегиранд? Даврони соҳибистиқлолии кишвар дар китоб чӣ гуна инъикос ёфтааст? Зӯҳрои Сафарзода, хабарнигори рӯзнома, бо ин ва дигар пурсишҳо ба Абдулло Ғафуров, номзади илми таърих, дотсент, мудири шӯъбаи таърихи муосири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АУ Тоҷикистон, роҳбари ҳайати таҳририяи ҷилдҳои 5, 6 - и китоб, муроҷиат кард.

-Пажӯҳишгоҳи Шумо дар солҳои истиқлоли миллӣ шаш ҷилд "Таърихи халқи тоҷик"-ро ба табъ расонд. Лутфан, тавзеҳ диҳед, ки ҳар ҷилд кадом асрро фаро мегирад?
-Кор рӯи китоб ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон оғоз гардид. Аммо бо таъсири вазъи сиёсӣ муддате  ин кор ба таъхир афтод. Нимаи дуюми солҳои 90-ум олимони пажӯҳишгоҳ аз нав ба омода намудани китоб шурӯъ карданд. Ҳамин тариқ, дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён ҷилди аввал, солҳои 2003, 2005 ҷилдҳои 2 ва 5 ба табъ расиданд. Ба иллати набудани мутахассис ҷилди 3  чоп нашуд. Ин ҷилд бояд ибтидои солҳои 90 -ум навишта мешуд. Тавре маълум аст, ҳодисаву воқеаҳои дар ин давра рӯйдода, ба парокандашавии бисёр мутахассисон оварда расонданд. Бисёр ходимон ба кори дигар гузаштанд ва ё аз ҷумҳурӣ рафтанд. Бо ҳамин сабабҳо ин ҷилд сари вақт ба табъ нарасид. Ҷилди 4 соли 2010 ба табъ расид.
Ҷилди аввал аз давраи қадим то ҳазораи 1 то милод, дуюм аз ҳазораи милодӣ то давраи Сомониён, сеюм аз замони Сомониён то замони Темуриён, чорум аз замони  Шайбониён то давраи Инқилоби Октябрро дар бар мегирад. Ҷилди 5 яке аз давраҳои муҳим ва пурҳаводиси ибтидои солҳои 20-и асри гузашта - солҳои барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ то давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро инъикос кардааст. Сарфи назар аз он ки ин ҷилд аз назари хронологӣ хеле  хурд аст, яъне на чанд садсола, балки ҳамагӣ 20-25 солро дар бар мегирад, он яке аз марҳилаҳои пурҳаводис ва муҳимтарини таърихи халқи тоҷик аст. Он раванди бисёр мушкили барқароркунии Ҳокимияти Шӯравӣ, ба ҷумҳурии мухтор ва мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон, коллективонии хоҷагии қишлоқ, маҳви бесаводӣ, сохтмони пояҳои саноати имрӯзаи Тоҷикистон ва амсоли инҳоро инъикос мекунад.
Ҷилди 6 - ум аз соли 1941 то соли 2010 - умро дар бар гирифтааст. Яъне дар он таърихи замони истиқлолро низ бозгӯ намудем. Ин давраи мушкилтарини таърихи миллат мебошад.
- Асар аз таърихи қаблӣ, ки дар замони шӯравӣ ба табъ расида буд, чӣ тафовут дорад?
-Имрӯз пас аз ба табъ расидани се ҷилди "Таърихи халқи тоҷик", ки солҳои 1963-65 бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров  чоп шуда буд, ин таърих дар шакли мукаммал ба хонандагон пешкаш мегардад. Зеро аз чопи ин китобҳо 40-45 сол гузашт ва дар ин муддат баъзе аз саҳифаҳои торики таърих бо саъю талоши олимони бостоншинос ва мардумшинос рӯшан гардиданд. Асарҳои бисёрҷилдаи фундаменталӣ дар муддати кӯтоҳ навишта намешаванд. Онҳо бояд фарогири ҳақиқати таърихӣ бошанд.
- Чопи ҷилди сеюм кай пешбинӣ шудааст?
- Роҳбарияти пажӯҳишгоҳ кӯшиш дорад, ки то охири ҳамин сол ҷилди сеюм аз чоп барояд.
- Нуктаҳои муҳими ҷилди шашум, таърихи замони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, кадоманд?
- Ҷилди 6-ум ҳамаи воқеаҳои нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21-ро дар бар мегирад. Ин рӯйдодҳо бо ҷанги шаҳрвандӣ пайванданд. Мо кӯшиш кардем ҳамаи навгониҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангиро ба қалам биёрем, то насли имрӯза тавонад аз нигоҳи илмӣ  бо таърихи начандон дур ва муосири хеш ошно шавад.
-Дар таълифи шаш ҷилд кадом таърихнигорон ширкати фаъол доштанд?
-Аксари кулли муаллифон олимони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистонанд. Аҳрор Мухторов, Нӯъмон Неъматов, Юсуф Ёқубов, Рақиб Абдулҳайев, Наим Ҳотамов, Виктор Дубовитский, Раҳим Масов, Назаршо Назаршоев, Борис Литвинсий ва дигарон дар навиштани ҷилдҳои гуногун иштирок доштанд.
-Маҷмӯа ба забони русист. Он кай ба забони тоҷикӣ  ба табъ мерасад?
-Тавре гуфтам, навиштани китоб замони шӯравӣ ба забони русӣ оғоз шуда буд ва ба ҳамин забон идома ёфт. Бозгардони он ба забони тоҷикӣ  дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст.
-Пажӯҳишгоҳ барои таълифи таърихи миллат ҳоло чӣ нақшаҳои дигар дорад?
- Таҳқиқот дар атрофи таҳияи асари "Таърихи илми халқи тоҷик", омода  намудани харитаи бостоншиносии Тоҷикистон, омӯзиши таърихи фарҳанги миллат ва амсоли инҳо давом дорад. Шӯъбаи таърихи муосир бошад, ният дорад то рӯзҳои ҷашни истиқлолият "Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол"-ро манзури хонандагон гардонад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5569
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед