logo

илм

Сипоҳи ниёгони мо дар масири таърих

Бозёфтҳои бостонӣ ва ахбори сарчашмаҳои хаттӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми орёиасл ҳанӯз дар аҳди куҳан дорои сипоҳи бонизому машқдида буданд ва худро аз душман далерона дифоъ мекарданд.
Дар Авасто омада, ки ҷомеаи орёиён аз чор табақа: рӯҳониён, сипоҳиён, ҳунармандон ва кишоварзон иборат аст. Яъне ҷанговарон дар он дар мақоми дуюм қарор доштанд, ки ин нишони эҳтироми аҳли ҷомеа ба муҳофизони марзу бум буд.
Фирдавсии бузургвор дар "Шоҳнома"-и безавол оварда, ки нахустин силоҳҳо - хӯд (тоскулоҳ), зиреҳ, ҷавшан ва хафтон (ҷомаи махсус)-и ҷангиро Ҷамшед, шоҳи машҳури хонадони Пешдодиён, сохта буд. Ва дар ин асос ӯ бунёдгузори сипоҳи муназзами орёиён низ мебошад.
Куруши Бузург - муассиси нахустин абарқудрати ҷаҳонӣ сипоҳи қудратманду тавоноеро созмон дод ва ин анъана дусад сол идома ёфт. Ва бо ҳуҷуми Искандар давлату сипоҳи Орёзамин шикаст хӯрд ва кишвар аз ҳам пошида шуд. Сабаби аслии он иштибоҳоти азими шоҳони охирини хонадони Ҳахоманишӣ буд, ки ба сипоҳу силоҳ онон аҳамияти ҷиддӣ надоданд ва шеваҳои нави ҷангро наомӯзонданд. Ва ин беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ ба артиш ба чунин шикасти сангин анҷомид.
Сипоҳи наву тавоно ва бонизоми орёӣ дар аҳди Ашкониён, Сосониён ва дар даврони Кӯшониён барпо шуд. Аммо бо шикасти давлати охирин, орёиёни шарқӣ - бохтариён, суғдиён ва хоразмиён ба ҳолати парокандагӣ гирифтор шуда, зери ҳуҷумҳои паиҳами душманон қарор гирифтанд.
Дар аҳди Сомониён тоҷикон аз нав муттаҳиду соҳибихтиёр шуданд, аммо пас аз ҳудудан сад сол қудрату давлати худро аз даст доданд. 
Яке аз сабабҳои он аз байн рафтани табақаи деҳқони сарватманди дорои дастаи низомӣ будааст. Инчунин дар давоми зиёда аз ду аср дар ҳайати давлати азими ҷаҳон - хилофатҳои Умавӣ ва Аббосӣ шомил будан, рушди баланди иқтисод, савдо, ҳунар, хату савод, илму фарҳанг ба зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва афкори тоҷикон таъсири бузурге расониданд. Ва онҳо ба як марҳилаи нави рушд баромаданд. Акнун  аксари тоҷикон ҷангидан, шамшер задан, тир парондану хун рехтанро амали зишт меҳисобиданд. Ба ин хотир ҳифзи худ, зану фарзандон ва марзу бумро бар дӯши ғуломони турк гузоштанд. Ва ин ғуломон бо мурури вақт худшиносу сарватманд ва соҳиби нерӯ гардида, хоҷагони худро зердасту тахту тоҷи ононро соҳибӣ  карданд. Маҳз надоштани сипоҳи миллӣ ба тоҷикон имкон надод, ки дар дарозои асрҳо дар ватани худ қудрати сиёсиро ба даст гиранд.
Хулоса, сабаби шикасти чандин давлатҳои тавонои Орёзамин аз даст рафтани сарзамини ғанию бепоёни аҷдодӣ, қурбон шудани миллионҳо ҳамватан, табдили садҳо шаҳру деҳоти ободу зебо ба вайроназор, ба боди фано рафтани мероси азими моддиву маънавӣ ва ҳазорҳо тонна зару сими хазинаҳо ва монанди инҳо хунукназарӣ ва беэътиноӣ ба артиш буд. Ҷанговар ҳамеша ба навозишу дастгирии давлату ҷомеа ниёз дорад. Ин пандро набояд фаромӯш созем.
Инак назари муаррихон, донишмандон ва сайёҳонро дар бораи фазилатҳои волои ҷанговарӣ ва меҳанпарастии ниёгони тоҷикон ба таваҷҷӯҳи хонандагони гиромӣ пешниҳод мекунем:
1. Масагетҳо (қавме аз орёиёни кӯчӣ) савораву пиёда набард мекунанд. Силоҳашон иборат аз тиру камон, найза ва табарзин аст.
2. Сакоиҳо (орёиёни кӯчӣ) бо тиру камон, ханҷар ва табарзини ҷангӣ мусаллаҳанд.
Ҳеродот, муаррихи Юнони бостон, асри 5 то милод.
1. Сакоиҳо ҷанговарони моҳири савораву пиёдаанд, бо тиру камон, шамшер, ҷавшан ва табарзинҳои биринҷӣ мусаллаҳанд. Онҳо мардуми махсус, далер ва ҷанговаранд.
2. Форсҳо (мардуми орёӣ) ба кӯдакон аз панҷсолагӣ тирпаронӣ, найзапартоӣ, шиноварӣ, аспсаворӣ ва ҷанги танбатанро меомӯзанд.
Страбон, донишманди юнонӣ, асри 1 то милод
Ҷанговарони савораи бохтарӣ ва суғдӣ дар ҳайати сипоҳи аксари устонҳои давлати бузурги Ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то милод) шомил буданд.
И. Дройзен, муаррихи олмонӣ, соли 1833
1. "Доро ба волиёну сарлашкарон, аз ҷумла Бес - сарвари Бохтар фармон дод, ки ҳама бо сипоҳи афзун ба Бобил ба ҷанг бо лашкари Искандар фаро оянд. Миёни ин қавмҳо бохтариён аз ҳама далеру ҷанговаранд.
2. Ҳангоме  ки Искандар дар соҳили рӯди Яксарт (Сир) бо бунёди истеҳком банд буд, хабар расид, ки Спитамон - сарвари шӯриши суғдиёну бохтариён сарбозони ӯро дар Самарқанд несту пароканда сохта ва шаҳрро ба даст овардааст.
Искандар лашкаркаш Менедемро бо 3 ҳазор аскари пиёда ва 800 савора ба зидди Спитамон фиристод. ӯ омадани душманро фаҳмида, дар ҷангалзор камин гирифт. Задухӯрди шадиде ба амал омад ва 2 ҳазор сарбози пиёдаву 300 савораи Искандар нобуд шуд.
3. Искандари огоҳиёфта аз шӯриш ба сарлашкар Кратер фармон дод, ки Курушкадаро муҳосира кунад. Дар оғоз хост, ки ин шаҳри бунёдгузоштаи Куруши Бузургро вайрон насозад. Аммо сокинон таслим нашуданд, пас ҳуҷум ба шаҳр оғоз ёфт.
Ягон шаҳри дигар ба чунин ҳуҷум истодагӣ карда наметавонист. Дар зери деворҳои он далертарин сарбозони Искандар ҷон доданд. Худи шоҳ ҳам дар вартаи ҳалокат қарор гирифт: санге бо суръати тез ба гарданаш зад.
Курсий Руф, муаррихи румӣ, асри 1 милод.
1. Ба он чӣ Спитамон ноил шуд, то он вақт касе комёб нашуда буд: ӯ дар корзорҳои  шадид, бахши лашкари тавонову мағлубнопазири Искандари Мақдуниро шикаст дод.
Ф. Алтхайм, муаррихи олмонӣ, соли 1953.
1. "Суғд дар симои Спитамон ҳомии ҳақиқии озодиро ёфт, инчунин ӯ ягона сарлашкари аз ҳама тавоное буд, ки то он вақт ба муқобили Искандар исён карда буд.
Ф. Шахермайер, муаррихи австрӣ, соли 1972.
1. Бошандагони ҳама устонҳои шарқии Орёно (Бохтар, Суғд, Хоразм) ҷанговаранд. Ҷангу набард чунон писанди онон аст, ки ба бовари ин мардум оне, ки дар корзор ҷон дода, басо хушбахт аст.
2. Сохтори низомии Орёно, интизому тамрини доим ва аслиҳаашон, ки мо - румиёнро меҳаросонад, ононро ҳатто барои лашкарҳои калон ҳам даҳшатнок месозад. Онон бештар ба диловарии нерӯҳои савораи худ, ки дар он ашрофзодагон хизмат менамоянд, такя доранд. Умуман ин мардум ҷанговарони беназиранд.
3. Ҳама мардони онон (бохтариён, сакоиҳо, суғдиён, хоразмиён, эрониён) ҳамарӯза шамшер дар камаранд, ҳатто дар базмҳо ва ҷашнҳо.
Аммиан Мартселин, муаррихи римӣ, асри 4.
Шумораи аҳолии Давон (Фарғона) якчанд садҳазор аст. Силоҳи онон аз тиру камону найза иборат аст ва дар парондани тир аз камон, ҳангоми дави асп, хеле моҳиранд.
Чжан Кян, сафири Чин, асри 2 то милод.
Йеда (ҳайтолиён- қавми кӯчии орёиасл) мардуми далеру дар набардҳо бомаҳоратанд.
Бейшӣ - солномаи чинӣ, асрҳои 5 - 6.
Дар Суғд мардони далеру матинро ба чокарӣ (ҷанговарӣ) интихоб мекунанд.
Таншу- солномаи чинӣ, асрҳои 7- 8
Сарзамини Самарқанд аҳолии зиёду аспҳои хуб дорад. Бумиёнаш - суғдиён мардуми кордону далеранд. Шоҳи кишвар марди ҷасуру дорои сипоҳи савораи сершумор аст. Дар сафи он ҷанговароне ҳастанд, ки ононро чокӣ (чокар) меноманд. Ва онон чунон нотарсу диловаранд, ки бе ҳеҷ ҳаросе сӯи марг мераванд ва ягон душман тоби ҳуҷуми онҳоро надорад.
Сюан Сян, сайёҳи чинӣ, асри 7.
Аммо нерӯмандӣ ва далерии онон (тоҷикони Мовароуннаҳр) чунон аст, ки дар билоди ислом мардуми ҷанговартар аз онон нест.
Ибни Ҳавқал, сайёҳи асри 10.
Эрониён - тоҷикон мардуми соҳибистеъдод, ҷасур, рӯҳан ва ҷисман тавоноанд. Халқи ғайриодианд, зебоии мардона ва симои паҳлавонона доранд, дар набардҳо мағлубнопазиранд.
А. Рагозина, муаррих, 1903
Бо ҳуҷуми чингизиён ба қавми орёӣ зарбаи пурдаҳшате фурӯ омад. Аммо бояд эътироф кард, ки тоҷикон то ба имрӯз халқи аз ҳама устуворанд, чаро ки хеле каме аз мардуми ҷаҳонанд, ки чунин зарбаҳои сершумор ва сангину ҷонкоҳро хӯрдаанд. Вале каме оромӣ кофист, ки тоҷикон ба тезӣ эҳёву боз соҳиби ҷойгоҳи аслии худ шаванд. Ва ман ин сатрҳоро ҳангоме менависам, ки мо дар арафаи эҳёи навини ин миллати боистеъдоду безаволем.
Н. Павлов, муаррих, соли 1910.

Таҳияи
Усмони ЭШОНЗОД,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5384
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед