logo

ҳукумат

Сарвари давлат масъулонро ба пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ ҳидоят кард

28 феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ду сохтор - Вазорати нақлиёт ва Хадамоти алоқа таъсис дода шуд.
Олимҷон Бобоев аз вазифаи вазири нақлиёт ва коммуникатсия озод карда шуда, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо таъин гардид.
Низом Ҳакимов  вазири нақлиёт ва Бег Зуҳуров сардори Хадамоти алоқа таъин карда шуданд.
Акбар Ятимов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин шуд.
Ҳамчунин инҳо таъин гардиданд:
- Ҳамидуллохон Фақиров - муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо;
- Анвар Бобоев - муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират;
- Саидғуфрон Абдулло - муовини сардори Хадамоти муҳоҷират;
- Раҷаб Саодатов - муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус;
- Иброим Раҷабов - муовини якуми директор - сармуҳандиси Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун";
- Саид Бороншоев - директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия";
- Ҷамшед Шерматов - директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Зебонисо Давлатова - директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Юнус Мамадҷонов - директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо;
- Ҳикмат Ҳисориев - директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо;
- Абдулвоҳид Шамолов - директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳо;
- Одил Сангов - мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Фирӯз Ҳикматов -  мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хайрулло Ибодзода - мудири шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Даврон Зоҳидов - мудири шӯъбаи иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раҳмон Умаров - котиби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ;
- Азамшо Шарипов - мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;
- Шодмон Шокиров - муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шудани Исмоил Орифшоев ва ба мақоми муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардидани Ситора Шерова розигӣ дод.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи директори филиали Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият ва нақшаҳои минбаъда шунида шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор ҷиҳати пуштибонӣ аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо ва истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ супоришҳои мушаххас дод. 
Ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагон дар ҳолати то 1 январи соли 2011 тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат" ва ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо аз ҷумла ба қонун "Дар бораи энергетика" ва ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ", "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015, қоидаҳои пешбурди кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ тасдиқ карда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шаҳру ноҳияҳо барои ба аҳолии ниёзманд баҳри сохтмони манзили истиқоматӣ додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Шӯрообод 68,11 гектар барои 370 оилаи аз офати табиӣ зарардида, шаҳри Турсунзода 523,49 гектар барои 4443 оила ва ба Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 гектар замин барои сохтмони варзишгоҳ ҷудо гардид.
Дар охири маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ёдовар шуда, барои коҳиш додани таъсири манфии ин раванд ба Тоҷикистон ба масъулони дахлдор барои истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, васеъ ба роҳ мондани кишти баҳорию такрорӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, хусусан ғалладона ва сабзавот ва ба ин восита таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии дохилӣ дастурҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳар як оила бояд барои ду сол захираи маводи хӯрокворӣ дошта бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед