мулоқотҳо
Президенти кишвар Роҳбари ҳайати ХБА доир ба
Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
2 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, Тодд Шнайдер - Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва кишварҳою созмонҳои мададрасон баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи асосӣ ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, тамоюлҳои кунунӣ дар бозори ҷаҳонию минтақавӣ, болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ ва ҳамчунин роҳҳои пешгирӣ аз осебпазирии кишвари мо аз ин равандҳо зоҳир гардид.
Тодд Шнайдер ба Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои кори дуҳафтаинаи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар шароити рӯ ба коҳиш овардаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба иттилои Тодд Шнайдер, ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон як зумра тадбирҳо андешидаанд, ки ба баррасии Шӯрои директорони хазина пешниҳод мегардад. Дар сурати ба тасвиб расидани ин пешниҳод ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла коҳиш додани таъсири манфии болоравии нархи озуқаворӣ ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори ҷаҳонӣ, 20 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2005