мулоқотҳо
Президент аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард
1 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бекеле Гелете, Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ аз робитаҳои Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва натиҷаҳои судманди он изҳори қаноатмандӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти душанбегии роҳбарони ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказиро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки он ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои марбута мусоидат мекунад.
Мусоҳибон аз ҳамкории миёни Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро аз пуштибонии бештар баҳри густариши равобити судбахши онҳо таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо шарикони дохиливу хориҷиаш дар самтҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кӯмаки иттилоотӣ ва омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, мубориза бар зидди бемории сил, беҳдошти сифати об ва таъминоти аҳолӣ бо он бояд густариш ёбад.
Бо назардошти кишвари кӯҳистон будани Тоҷикистон ва осебпазирии минтақаҳои зиёди он аз офатҳои табиӣ, зиёд намудани ниҳодҳои шаҳрию ноҳиявии ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар, беҳтар кардани таъминоти моддию техникии онҳо ва афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳо ба аҳолии ниёзманд, хусусан ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон Маркази минтақавии ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон дода шавад.
Зимни сӯҳбат ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.
www.president.tj
х х х
Бекеле Гелете, Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён дошт:
-Ман ва ҳайати ҳамроҳонам барои иштирок дар ҳамоиши роҳбарони ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омадем. Мулоқоти мазкур бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари ин кишвар созмон дода шуд. Ман ҳамчун Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қаноатмандам. Зеро он бо Ҳукумат ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ робитаи мустаҳкам дошта, дар ҳалли як қатор масъалҳои муҳими стратегӣ, ба шумули тақвияти муносибатҳои минтақавӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, пешгирии хавфу хатарҳои эҳтимолӣ, огоҳсозии мардум аз онҳо, беҳсозии сатҳи зиндагии мардум, корҳои шоистаро анҷом медиҳад.
Бекеле Гелете зикр сохт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки бо қонуни алоҳида фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриро ба танзим даровардааст. Мо аз ин иқдом истиқбол мекунем. Ман ба фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баҳои баланд дода, гуфтаниам, ки он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа нуфузи хуберо соҳиб шудааст.
Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2105