мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Навид Қамар
Бегоҳии 28 феврал Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайид Навид Қамар - вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
"Мо ба таҳкиму густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчун рукни муҳими сиёсати хориҷии худ, аҳамияти хос медиҳем", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамкории ду кишвар, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва туризм дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
www.president.tj
-Боиси хушҳолии мо аст, ки рӯзҳои наздик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ташриф меоранд. Мутмаинем, ки ин сафар дар таърихи муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ҳар ду кишвар сафҳаи нав боз хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Ҷаноби Олӣ чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида, дар тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд.
Ин суханро Сайид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт.
Вазири хусусигардонии Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба як қатор масъалҳои муҳим, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, сармоягузорӣ ба тарҳҳои муштарак, фаъолияти бонкӣ, илму маориф, фарҳанг ва туризм, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гашт. Тоҷикистону Покистон омодаанд ва имкон доранд, ки корхонаҳои муштарак таъсис дода, барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оранд.
-Дар мулоқот бо ҷаноби Президент ҳамчунин масъалаи аз Тоҷикистон тавассути марзи Афғонистон интиқол додани нерӯи барқ матраҳ гардид. Ҷониби Покистон тасмим гирифтааст, ки дар татбиқи тарҳи КАСА-1000 саҳми фаъол гирад. Зеро мо аз амалӣ гаштани ин лоиҳа манфиати зиёд мебинем,- гуфт Сайид Навид Қамар.
Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1990