logo

энергетика

НБО-и Қайроққум ба бозсозӣ ниёз дорад

Соли   2010   барои   кормандони  Нерӯгоҳи  барқи обии Қайроққум фаро-мӯшнашаванда аст, зеро бори аввал дар таърихи 55- солаи мавҷудияташ он қариб 900 миллион киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кард. Бо назардошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва монеаҳо дар интиқоли барқ аз кишвари Ӯзбекистон мутахассисон кӯшиш доштанд, ки нерӯгоҳро бо  иқтидори лоиҳавиаш мавриди истифода қарор диҳанд, то ки сокинон ва  корхонаю муассисаҳо аз барқ танқисӣ накашанд.
- Имрӯз ҳиссаи мо дар таъмини барқи вилоят аз 25 то 30 фоизро ташкил медиҳад, -мегӯяд Файзулло Авезов, директори НБО-и Қайроққум , -аммо ин маънои онро надорад, ки минбаъд низ мо ҳамин миқдор қувваи барқ истеҳсол хоҳем кард. Зеро нерӯгоҳ таъмири асосӣ ва ё бо ифодаи дигар пурра бозсозӣ нашудааст ва аз ин лиҳоз ба таъмиру тармими ҷиддӣ ниёз дорад. Хушбахтона, ин масъала феълан дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, масъалаи ҷудо кардани маблағ баррасӣ шудааст. 
Бояд гуфт, НБО-и Қайроққум нодир буда, махсусиятҳои худро дорад. Дар он агрегатҳои чархзананда на дар бинои иловагӣ, балки бевосита дар сарбанд (дарғот)  насб шуда, баъдан ҷои обпартояш аз болои агрегатҳо мегузарад.
 Бунёди нерӯгоҳи мазкур ҳанӯз ба солҳои баъди Ҷанги бузурги ватанӣ, аниқтараш ба солҳои 1947-1948 рост меояд. Бо афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсоли комбинати шашуми шаҳри Чкалов (ҳоло "Востокредмет")  зарурати сохтани нерӯгоҳ дар мавзеи Қайроққум пеш омадааст. Инак, беш аз панҷоҳ сол ин нерӯгоҳ фаъолият дошта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши бузург мебозад. Бояд зикр кард, ки аз фаъолияти нерӯгоҳ беш аз ҳама Ӯзбекистон ва Қазоқистон  манфитаи хуби иқтисодӣ мегиранд, зеро бо шарофати обанбори "Баҳри тоҷик" ҳамасола 400 ҳазор гектар замини ин кишварҳо обёрӣ мешавад. Аз ин рӯ, доимо аз мо хоҳиш  мекунанд, ки  дар фасли баҳору тобистон захираи обро таъмин намоем. Пас боиси тааҷҷуб аст, ки манфиати бардоштаи худро нодида мегиранд ва муқобили сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистонанд. Ҳол он ки ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ набояд бо назари танг нигоҳ кард, зеро дар он танҳо қувваи барқ тавлид намеёбад, балки тавассути обанбор метавон миқдори зиёди обро захира кард ва ҳам ба рушди соҳаҳои ҷаҳонгардӣ, варзиш ва моҳипарварӣ такон бахшид.
-Ҳоло вақти он расидааст, ки  нерӯгоҳ бозсозӣ шавад, -иброз медорад директор Файзуллоҷон Авезов. - Бо ибтикори Сарвари давлат  мутахассисон аз бонкҳои аврупоӣ омада, вазъи иншоотро омӯхтанд ва ҷиҳати сармоягузорӣ мувофиқа ҳосил шудааст. Вазифаи аввалиндараҷаи мо, мутахассисон аст, ки то оғози таҷдид кори мӯътадили нерӯгоҳро таъмин намоем. Зикр бояд кард, ки имрӯз идоракунии нерӯгоҳ асосан ба дӯши мутахассисони ҷавони маҳаллӣ - хатмкардагони факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гузошта шуда, онҳо рисолати худро сарбаландона ба ҷо меоранд. Натиҷаи рекордӣ- истеҳсоли 900 миллион киловатт-соат маҳз бо кӯшиши онҳо ҳосил гашт. Ҳол он ки дар замони шӯравӣ авҷи истеҳсоли он 780 миллион киловатт-соатро ташкил дода буд.

Ҷовиди Аштӣ,
 "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3677
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед