маориф
Ҳабиба Каримова: омӯзгорӣ касби меросии мост
Ҳабиба Каримова солҳои 30 - юми садаи гузашта омӯзгориро пеша намуда, дар ин ҷода беш аз ним аср фаъолият кардааст. ӯ нахустин "Аълочии маориф", аввалин "Муаллими хизматнишондода" ва дувумин омӯзгори зан дар кишвар аст, ки соли 1978 сазовори унвони "Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ" гардидааст.
Дар давоми фаъолияташ ба ӯ муяссар шуда, ки се маротиба чун омӯзгори ғолиб мактаби рақами 18-и шаҳри Конибодомро дар Намоишгоҳи умумииттифоқии дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Маскав муаррифӣ намояд. Ҳамчунин соли 1970 дар Омӯзишгоҳи умумииттифоқии педагогии Ленинград барои суханрониаш дар мавзӯи "Ҷалби хонандагон ба дарс" сазовори ҷои аввал ва дар шаҳрҳои Алмаатову Новосибирск барандаи дипломҳои махсус шуда буд.
Меҳри беандоза ба пешаи омӯзгорӣ Ҳабиба Каримоваро аз модаркалонаш Шоҳзодабону Шарифова мерос аст.
- Чор ё панҷсола будам. Азбаски ҳавлии мо дар шафати саропардаи бобоям воқеъ буд, ҳар рӯз ба он сӯ гузашта дарси модаркалонам Шоҳзодабонуро наззора мекардам. Модаркалонам ба духтарони 10 - 12 - солаи деҳаҳои Подаҷой, Сарикӯл, Тошлоқ савод меомӯзониданд. Духтарон дар синф ҷамъ омада, суханҳои муаллимаро чунон бодиққат мешуниданд, ки ҳатто ҳузури ман дар наздашон ҳуши онҳоро парешон намекард. Он лаҳзаҳо модаркалонамро донотарин бонуи ҷаҳон меҳисобидам ва орзу мекардам, ки мисли ӯ бошам. Бибиам гоҳо ба шогирдонаш бо лаҳни хушу шево шеър мехонду гоҳи дигар рӯи лавҳе бо қалам менавишт. Навиштаҳояш нақшу нигоре буд, ки онҳоро намефаҳмидам. Бисёр мехостам, ки мисли ӯ бошам ва ҳар дафъа баъди бозгашт ба ҳавлиамон дугонаҳоямро даъват намуда, ба ӯ тақлид мекардам, - ёдовар шуд Ҳабиба Каримова айёми кӯдакиашро ҳини сӯҳбат бо ман.-Яке аз дугонаҳои наздикам, -гуфт ӯ,- Лутфӣ Зоҳидова, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, низ дар "дарсҳо" - и ман иштирок мекард. Яъне гуфтаниам, ки меҳри омӯзгорӣ аз панҷсолагӣ дар дилам ҷо гирифт.
Ҳар бегоҳ баъди анҷоми корҳои хона модарам Марҳаматбону Каримова ба духтаронаш - ёдашон ба хайр, апаҳоям Хайринисову Қамбарнисо (номзади илми тиб, Табиби хизматнишондодаи Тоҷикистон) ва ман сабақ медод ва мо ба корҳои ӯ ёрӣ мерасонидем. Апаи калониам хӯрок мепухту хурдӣ дегу табақ мешуст ва ман ҳавлӣ мерӯфтам. Меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ айёми наврасиамон дар мо ташаккул меёфт.
Он солҳо дар шаҳри Конибодом комбинати минтақавии омӯзгорӣ (омӯзишгоҳи омӯзгорӣ) ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар он донишомӯзони на танҳо ноҳияҳои Ашту Исфара, балки сокинони минтақаҳои ҳаммарзи Ӯзбекистону Қазоқистон низ дар се бахш: ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсус зери унвони асоси якум, дуюм ва сеюм сабақ меомӯхтанд. Ба ибтикори Ҳилол Каримов, профессор, муаллифи китоби "Алифбо", бародараш, Ҳабиба барои идомаи таҳсил ба ин даргоҳ омада, дар бахши дувум дохил мешавад.
- Намедонистам, ки таълим дар бахши дувум мушкил аст,- мегӯяд Ҳабиба Каримова,- зеро апаам дар бахши аввал мехонд. Ҳамсарам Тӯхтасин Ҷабборӣ (рӯзноманигор, муҳаррири рӯзномаи "Барои дониш" ва "Садои Конибодом") низ дар бахши аввал таълим мегирифтаанд. Академик Рауф Баротов низ ҳамсабақи ман буд ва дар як парта бо ҳам менишастем. Баъдан дар маҳви бесаводии калонсолон якҷо ширкат варзидем.
Соли 1937, баъди хатми ин даргоҳ Ҳабиба Каримова барои кор дар мактаб роҳхат мегирад.
-Худро хушбахт меҳисобидам,- ёдовар мешавад аз он лаҳзаҳо муаллима. - Тиллохон Алиев, сарвари вақти мактаби рақами 18, ба номи Чапаев, фармонро аз дастам гирифта, талабаҳоямро ба ман шинос кард, ки онҳо бонувони 24 - 46 - сола буданд ва бар замми ин барои 28 хонандаи синф ҳамагӣ 5 китоби дарсӣ доштем. Рӯзи дигар толибае аз хонааш сандалӣ овард, то ба рӯяш баромада, дар тахтаи синф нависам. Охир он вақт қади мани хурдсол хеле паст буд.
Он солҳо кори омӯзгорон аз меъёр чандин бор зиёд буд. Ҳабиба Каримова хотирнишон шуд, ки баъди таълими хонандагони мактаб аз соати 16 то 17.30 ба занон ва аз соати 18 ба мардон дарсҳои маҳви бесаводӣ мегузашт.
Солҳои вазнини ҷанг низ Ҳабиба тарки пеша накард.
-Баръакс шавқу рағбати ман ба ин касб афзуд ва роҳҳои зудтар савод баровардани хонандагон, шаклҳои муассири таълимро меандешидам,- мегӯяд ӯ.-Модар раҳнамуни ман буданд ва ашёи рӯзгорро мефурӯхтанду бар ивазаш нон мехариданд, аммо намегузоштанд, ки тарки пеша кунам.
Ба андешаи Ҳабиба Каримова, солҳои охир дар самти таълиму тарбия нуқсонҳо ба назар мерасанд ва на ҳамеша марбут ба вазъи иҷтимоианд.
-Равобити мактабу волидайн бояд пура барқарор гардад,- мегӯяд ӯ,- ин омили хеле муҳим дар тарбияи хонандагон аст. Хуб мешуд озмунҳои "Кампутердони варзида", "Забондони беҳтарин", "Футболбози беҳтарин", "Теннисбози беҳтарин", инчунин харротиву челонгарӣ, кандакорию пазандагӣ вусъат ёбанд, зеро барои роҳандозии онҳо имрӯз тамоми шароит ҳаст.
Ба дурнамои шукуфои соҳаи маорифи кишвар Ҳабиба Каримова, омӯзгори қаҳрамон, эътимод дорад. ӯ имрӯз ба синни мубораки 87 расидаасту давлати пирӣ меронад ва соҳиби фарзандону набераҳост. Фарзандонаш Анварҷон, Саодатхон ва Марҳабо (вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ) идомабахши роҳи модар, омӯзгоранд.
Ҷовиди Аштӣ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5778