мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Фаҳида Мирзо
8 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Исломобод як қатор мулоқоти судманд анҷом дод.
Нахуст мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо Фаҳида Мирзо, Раиси Ассамблеяи миллии Парламенти (Маҷлиси Шӯрои) Ҷумҳурии Исломии Покистон, баргузор гардид.
Мусоҳибон атрофи маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари дӯст, аз ҷумла доир ба рушди равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва роҷеъ ба мавзуоти минтақавию байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши муносиботи судманди ду кишвар, аз ҷумла рушди робитаҳои байнипорлумонӣ, таъкид намуданд. Пешниҳоди Фаҳида Мирзо доир ба таъсис додани гурӯҳи порлумонии Тоҷикистону Покистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон хуш пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2002