мулоқотҳо
Вохӯрии сарвари Тоҷикистон бо роҳбарони сохторҳои қудратии Покистон
8 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Исломобод роҳбарони як қатор сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Покистонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбатҳои алоҳида бо генерал Ашфақ Парвиз Қаянӣ, сардори Ситоди қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аҳмад Шуҷоъ Паша, роҳбари Хадамоти истихбороти байниидоравии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Раҳмон Малик, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон, масоили ҳамкории сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон, доир ба мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши ҳамкории судбахши миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё гаштааст ва ҳарду ҷониб барои татбиқи босамари санадҳои қабулшуда бояд ҷаҳду талош намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2142