мулоқотҳо
Мулоқот бо роҳбарони музофоти Синд
9 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Карочӣ Қоим Алӣ Шоҳ, вазири аршади музофоти Синдро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманди Тоҷикистон бо музофоти Синд, ки музофоти бузургу рушдёбанда ва дорои бандарҳои баҳрии ин кишвар аст, баррасӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он ва ғайра дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб маънидод гардид.
Ба бунёди корхонаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба коркарди амиқи алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он ва ба истифода аз имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Бегоҳии рӯз ин ва дигар масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо музофоти Синди Покистон баррасӣ гардид.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон Иршат ал - Ибод, волии музофот, ширкат дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2116