мулоқотҳо
Даъват ба ҷашни
байналмилалии Наврӯз
Бегоҳии рӯзи 11 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст - Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози сӯҳбат Алиасғари Шеърдӯст даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, тақдим намуд. Маҳмуди Аҳмадинажод аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намудааст, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсола дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар баимзорасида, баррасӣ шуд.
Бинобар гузориши Алиасғари Шеърдӯст, ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 2 миллион тонна бунёд карда, ҳамчунин як донишгоҳи техникию технологӣ, як донишгоҳи умури сайёҳӣ ва ду шифохона ифтитоҳ намояд.
Таъкид гардид, ки навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 2 то ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1912