мулоқотҳо
Русия дар бунёди бозори фурӯши барқ ширкат меварзад
11 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Борис Ковалчук - роҳбари ҳайати Ҷамъияти саҳомии кушодаи "ИНТЕР РАО ЕЭС" - и Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба фаъолияти имрӯза ва ояндаи Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1, пардохти қарзи ШСХК "Барқи тоҷик" ба ин нерӯгоҳ, имконоти иштироки Русия дар бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, хатти 500 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқи КАСА - 1000 ва бунёди бозори минтақавии фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки барои пардохти қарзи ШСХК "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи Сангтӯда - 1 нақшаи мушаххас тартиб дода шудааст ва то охири соли равон қарз бояд пурра бартараф карда шавад.
Дар робита ба имкони иштироки Русия дар татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000 ва бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ дар Тоҷикистон Борис Ковалчук изҳор дошт, ки "дар сурати вуҷуд доштани бозори содироти нерӯи барқ Русия омодааст, ки дар амалӣ намудани ин ва дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон фаъолона иштирок намояд".
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар посух изҳор дошт: "Тоҷикистон тасмими Русияро ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавии худ хуш мепазирад".
Зимни сӯҳбати созанда ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқӣ таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2048