барқияҳо
Барқияи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Акихито, Императори Ҷопон
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 марти соли 2011 ба унвони Акихито, Императори Ҷопон, барқияи ҳамдардӣ ирсол кард. Дар он гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларзаи сахти дар таърихи Ҷопон фоҷиабор ва обхезии шадиди бавуқӯъпайвастаро, ки дар пайомад сабаби марги одамон ва харобиҳои азим гардиданд, шунида хеле андӯҳгин шудам. Дар ин лаҳзаи душвор мардуми Тоҷикистон дарду ғами Ҷопони дӯстро ба ҳам мебинад ва ёрии худро дар бартараф кардани пайомадҳои фоҷиаи табиат дареғ намедорад.
Хоҳишмандам, ҳамдардии самимонаи моро ба пайвандони ҳалокшудагон ва ба осебдидагон расонед.
Мо ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷопон дар ин рӯзҳои вазнин пойдорӣ ва шикебоӣ таманно дорем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3707