logo

президент

Фазои сармоягузориро беҳтар намоем

Таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи навбатии шӯро рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012» ва лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ ва шумораи зиёди даъватшудагон аз Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои соҳибкории кишвар ва ҳамчунин намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасони хориҷӣ иштирок намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳайати  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ дар баробари роҳбарияти мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳамчунин намояндагони сохторҳои соҳибкории мамлакат ва кишварҳою созмонҳои мададрасон фаъолият мекунанд.
Дар оғози ҷаласаи ҳафтум аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат - Раиси Шӯро, нахуст се нафар аъзои нави Шӯро муаррифӣ гардид. Инҳо, аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ Файзалӣ Раҷабов, раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ Тан Шан Фу, раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷинфенг Тоҷикистон" ва Корхонаи муштараки "Зарафшон" ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии дуҷониба Рудолф Шох, роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории байналмилалии Шветсария дар Тоҷикистон мебошанд.
Доир ба масъалаи якум - рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши  Давлаталӣ Саидов, котиби масъули Шӯро - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳои Рудолф Шох, роҳбари Намояндагии Дафтари ҳамкории байналмилалии Шветсария дар Тоҷикистон,  Гулбаҳор Маҳкамова, роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Андреа Даллолио, корманди масъули Раёсати рушди бахши хусусӣ ва молияи Бонки ҷаҳонӣ, шунида шуд.
Доир ба масъали дуюми рӯзнома - муаррифии "Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012" маърӯзаи Файзалӣ Раҷабов, раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон  ва андешаҳои Намоз Рабиев, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хатлонстрой" ва оид ба самтҳои татбиқи барномаи мазкур гузориши Абдувалӣ Комилов, директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шунида шуд.
Ба  Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки лоиҳаи "Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012"-ро  мукаммал намуда, бо тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Зимни баррасии масъалаи сеюм лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардид, ки дар он масъалаи таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ҳамкории миёни давлат ва бахши хусусӣ" баррасӣ гардад.
Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯро, ҷамъбаст гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат  бо ёдоварӣ аз тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ амалӣ мегарданд, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин раванд минбаъд низ тадриҷан ва босубот идома меёбад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таҳия ва пешниҳоди "Барномаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012" дастгирии истеҳсолкунандагони ватании масолеҳи сохтмонӣ ва бинокорони Тоҷикистон аст.
Дар хусуси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ҳамкории миёни давлат ва бахши хусусӣ" Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, пешниҳод намуд, ки он дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, коршиносони варзидаи шарикони хориҷӣ доир ба рушд ва бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта то охири соли равон таҳия ва ба ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ пешниҳод карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3895
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед