мулоқотҳо
Тоҷикистон - ИА: қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пйер Морел - Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
"Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ дониста, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкории пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд дошта бошад",- изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
"Иттиҳоди Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар робита ба барқарорсозии иқтисодиёт ва амнияту субот дар Афғонистон, баҳои баланд медиҳад", - изҳор дошт дар посух Пйер Морел.
Аз сатҳ ва мазмуни муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои мунтазам доир ба масоили гуногуни мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Қаноатмандӣ аз ҷумла аз баргузории ҷаласаи нахустини Кумитаи ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси нӯҳуми гурӯҳи ташаббуси Осиёи Марказӣ оид ба амнияти сарҳадҳо, ки бештар бо номи мухтасари КАПСИ маъруф аст, зоҳир карда шуд.
Доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвияти ҳифзи сарҳадот ва ҳамчунин ҷалби сармоя ба бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон, идораи захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, тавсеаи ислоҳоти демократӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2051