мулоқотҳо
Дидори Президент бо зиёиён
19-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ бо шумораи зиёди намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо зиёиёни кишвар дар арафаи иди Наврӯзи хуҷастапай ба анъанаи накӯи созанда табдил ёфтааст. Зимни чунин мулоқотҳо Сарвари давлат масоили мавриди таваҷҷӯҳи аҳли эҷоди кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва муҳайёсозии шароити мусоиди кору эҷодиёт дар назди сохторҳои дахлдори давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад.
Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми форсизабонони олам ва ҳамаи мардумони ҷаҳонро, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, ба муносибати ин ҷашни дилафрӯз табрику таҳният гуфт.
Президенти мамлакат бо ифтихору сарфарозӣ аз ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯзи хуҷастапай ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз Тоҷикистон ва аҳли зиёи он, чун ташаббускори асосии ин дастоварди ҷаҳонӣ, барои татбиқи амалии нишондодҳои қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора, ки 23 феврали соли 2010 қабул шуда буд, бояд масъулияти баланд эҳсос намоянд. Бо ишора ба он, ки маҳз тоҷикон ва мардумони ориётабор ворисони асосии Наврӯзи оламафрӯз мебошанд, Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷод ва ҳар фарди равшанзамири кишварро ба тарғибу ташвиқи шоистаи суннатҳои волои наврӯзӣ ҳам ба ҷаҳониён ва ҳам ба мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат ҳамчунин ба мардуми сарватманду саховатпешаи Тоҷикистон муроҷиат намуда, онҳоро ба вусъат додани фарҳанги наврӯзии дастгирӣ аз табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки фазои идона ва табъи баланду болидаи наврӯзӣ бояд дар ҳар як хонадон ва тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳувайдо бошад.
Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму фарҳанг ва маорифи кишварро "нерӯи ақлонии кишвар ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо" ном бурда, онҳоро ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги волои бостонӣ, истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату ягонагии миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ободгарии Ватани азиз ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2259