мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Андрей Молчановро ба ҳузур пазируфт
19 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Андрей Молчанов - Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия доир ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо як ҳайати бонуфуз ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасӣ шуданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими мақом ва нақши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар раванди рушди ҳамкории судманди кишварҳои аъзои он, хусусан имсол - дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ин созмон, таъкид намуданд.
"Ба Тоҷикистон вогузор намудани раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 20 - солагии таъсиси ин созмони минтақавӣ нишонаи эътимоди баланд ба кишвари Шумо аст", - иброз дошт Андрей Молчанов дар ҷараёни сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон назаррас хоҳанд буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2049