logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи корхонаи "Фаровон", ш. Қайроққум, 24 марти соли 2011

Ҳозирини мӯҳтарам!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - сокинони заҳматписанду меҳмоннавози шаҳри Қайроққум дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз ва ба ифтихори ба истифода супоридани  коргоҳҳои нави саноатӣ - корхонаи коркарди орд бо номи «Фаровон - 1», ки воқеан макони файзу баракат ва фаровониву неъмат хоҳад шуд, инчунин корхонаи истеҳсоли шиша, ки ба кор оғоз кардани ҳар ду коргоҳ дар ҳаёти  мардуми ин шаҳри саноатӣ рӯйдоди фараҳбахшу идона мебошад, сурат гирифта истодааст.
Бинобар ин, аввалан ҳамаи шумо ва тамоми мардуми меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғдро бо ҷашни хуҷастафоли Наврӯзи Аҷам, ки ба дилҳои мо пайки шодиву нусрат овардааст ва сониян ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нав самимона табрику таҳният мегӯям.
Бояд гуфт, ки таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Махсусан барои татбиқи ин ҳадаф дар даврони истиқлолият корҳои хеле зиёд анҷом дода шуданд. Дар ин раванд мо бояд ҳамеша як масъаларо дар назар дошта бошем, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир ба вазъи иқтисодии ҳамаи давлатҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ таъсир мерасонад.
Аз ҷумла як силсила мушкилоти глобалӣ  - тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ ва дигар офатҳои табиӣ боиси болоравии арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва пеш аз ҳама, ғалла гардида, амнияти озуқавории мамлакатҳои дунёро таҳти хатар қарор медиҳад.
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, Ҳукумати кишвар дар давоми солҳои охир барои таъмини бозори дохилӣ ва эҳтиёҷоти аввалияи аҳолӣ бо маводи озуқаи худӣ як силсила тадбирҳо, аз ҷумла  афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нав ва тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии мавҷударо амалӣ карда истодааст, ки бунёди корхонаи имрӯзаи коркарди орд аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Мо дар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ доир ба рушди  соҳаи кишоварзӣ ва тараққӣ додани саноати сабук дар назди худ вазифа гузоштаем, ки коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми ватанӣ ва бо ҳамин роҳ вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ монем.
Дар зарфи танҳо як-ду соли охир дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд даҳҳо корхонаҳои нави саноати сабук ва хӯрокворӣ таъсис ёфтанд, ки ҳамаи онҳо, бешубҳа ба рушди устувори иқтисоди миллиамон ва муҳимтар аз ҳама, бо ҷои кори доимӣ таъмин шудани ҳазорон нафар такони ҷиддӣ мебахшанд. 
Фардо мо дар ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ ду корхонаи нави саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем, ки бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ашёи хоми маҳаллӣ - пахтаро коркард намуда, маҳсулоти тайёри саноатӣ истеҳсол мекунанд ва садҳо нафар мутахассисону коргарони маҳаллиро бо ҷои кор ва даромади хуб таъмин месозанд.
Корхонаҳои шишабарорӣ ва «Фаровон»-и шаҳри Қайроққум низ аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки дар ҳамин самт фаъолият мебаранд. Ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҳозиразамон маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд. Таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки сифати истеҳсоли маҳсулот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи «Фаровон» дар як шабонарӯз коркарди   100 тонна гандумро ташкил мекунад ва дар баробари ин 25 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад. Илова бар ин, бо дарназардошти сарфаи қувваи барқ  ва бо ташаббуси роҳбарияти корхона арзиши орди истеҳсолгардида нисбат ба нархи бозор 20 фоиз арзон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон - таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Танҳо соли 2010 дар миқёси вилоят аз ҷониби соҳибкорон 68 корхонаи  нав ташкил шуда, ба фаъолият оғоз кардааст, ки зиёда аз 30 фоизи онҳо бо истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ машғул мебошад.
Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолкардаи соҳибкорон  дар соли гузашта 526 миллион сомонӣ ва воридот ба буҷет аз ҳисоби онҳо 112 миллион сомониро ташкил кардааст.  
Мо дар ҷараёни сафарҳои қаблии худ аз корхонаҳои Ширкати Бародарони саховатманд боздид карда будем. Ин ширкат имрӯз бо истифода аз сӯзишвории алтернативии ангиштсанг истеҳсоли шишаро ба роҳ мондааст, ки чанд лаҳза пештар маросими ифтитоҳи он доир гардид. 
Технологияи истеҳсолии корхонаи мазкур дар кишварамон якумин маротиба истифода шуда, ин коргоҳ соҳаҳои сохтмон ва саноатро бо шиша ва зарфҳои шишагӣ таъмин менамояд.
Иқтидори истеҳсолии корхона қариб якуним миллион метри мураббаъ шиша ва беш аз 25 миллион адад зарфҳои шишагиро дар бар мегирад. Дар навбати аввали ин корхона  100  ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст ва баъди ба кор оғоз кардани навбати дуюми он боз 250 ҷойи кори дигар фароҳам оварда мешавад.
Илова бар ин, дар зарфи чанд соли охир дар қаламрави вилоят бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ якчанд корхонаи муштараки истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кард, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ машғули кор мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама рушди соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Маҳз ба ҳамин хотир ман ҳангоми вохӯриҳои худ бо соҳибкорон ва қариб дар тамоми суханрониҳоям ҳамеша таъкид месозам, ки мову шумо фақат бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ, рушди соҳибкории хурду миёна ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкории сохторҳои давлативу бахши хусусӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи муқаддасамон, яъне обод кардани Ватани азизамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии он баромада метавонем. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум низ танҳо бо ҳамин роҳ таъмин карда мешавад.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба ин ҳадафи нек танҳо дар асоси фаъол намудани нерӯи инсонӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҳар як фарди ҷомеа ноил шудан мумкин аст.
Дар натиҷаи заҳмати ватандӯстонаву софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус дар зарфи 20 соли истиқлолият мо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, инчунин ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудем.
Ба хотири афзун намудан ва таҳким бахшидани ин дастовардҳо аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муассисон ва мутахассисону сохтмончиён, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва бунёди чунин корхонаҳои нави замонавӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдории худро баён карда, барои амалӣ шудани нақшаву ниятҳои неки дигарашон барори кор мехоҳам.
Басо рамзист, ки имрӯзҳо дар айёми Наврӯзи хуҷаста ва бистумин баҳори истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд. Зеро таърихи пурғановати мо аз Наврӯз оғоз мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир мардуми тоҷик  ин ҷашни бузургу муқаддаси аз аҷдоди номдорамон меросмондаро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.
Наврӯз ҳамеша чун мунодии сулҳу оромӣ, тарғибгари пиндори нек,  гуфтори нек ва кирдори нек, дӯстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамёрии халқҳо моро ба сӯи рӯзгори ободу осуда ва созандагиву шукуфоӣ ҳидоят менамояд ва беҳуда нест, ки ҳамин фазилатҳои бузурги умумибашарӣ барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мусоидат карданд.
Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардидани ҷашни фархундаи Наврӯз ва оинҳои ибратомӯзи он, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд. Маҳз бо дарназардошти ин нуктаҳо мо - меросдорони асили ин ҷашн бояд таърихи куҳан ва фарҳанги ғании худро беҳтар донем ва барои обод кардани Ватани азизамон ҳамарӯза саъю талош намоем. 
Имрӯз дар сарзамини хуршедии мо нафаси ҷонбахшу рӯҳнавози баҳори нав мерасад ва мо шукрона мекунем, ки боз ба баҳори нав расидем.
Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз аз мо тақозо менамояд, ки аз рӯзҳои гарми баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои киштукори баҳорӣ, шудгору кишти заминҳо ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.
Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, вусъат додани кишти такрорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, инчунин тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва хиёбону маҳалҳои зист аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо онҳоро ба хотири истиқболи арзандаву сазовори ҷашни мубораку муқаддаси милливу давлатиамон - бистумин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд анҷом диҳем.
Бо ҳамин эътимоди баҳорӣ, ки муждаи сабзи офаринишро ба олам мерасонад, бори дигар сокинони заҳматпешаву меҳнатқарини шаҳри Қайроққумро бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳат, сари сабз, дили беғам, рӯзгори ободу осуда ва барори кор орзумандам.
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед