logo

илм

Аввал илм аст, баъд ибодат

Худованди азза ва ҷалла ба воситаи Ҷабраил (а) ба пайғамбарон ва баъдан аҳли башар аз тариқи китобҳои осмонӣ, аз ҷумла нозил гаштани Забуру Тавроту Инҷил ва Қуръони маҷид амалҳои ҳақу ботил ва хайру шарро фаҳмонда, таъкид намудааст, ки соҳиби роҳи ҳақ ва хайр Худо мебошад ва роҳи шарру ботил аз васвасаи шайтон аст.

Чуноне ки дар ояи 79-и сураи Нисои Қуръони азимушшаън омадааст: " Мо асобака мин ҳасанатин фаминаллоҳи ва мо асобака мин сайиатин фамин нафсик".  Ҳар кори  хайре, ки инсон анҷом медиҳад, ҷонибдораш Худост ва ба ҳар кори шарре, ки даст мезанад, аз васвасаи шайтон ва нафси худаш аст.
Нуктаи дигаре, ки инсонро ба роҳи рост ҳушдор медиҳад, ин аст,  ки агар ӯ ба умеди  хайр кореро анҷом медиҳаду бунёдаш аз роҳи шар аст, назди Худо (ҷ) қабул нест. Дар ояи 27-и сураи Моида омадааст: "Қола иннамо ятақаббалуллоҳу минал муттақин".  Худо танҳо хайри парҳезгорон - онҳоеро, ки сарват аз меҳнати ҳалол доранд, қабул мекунад. Мутаассифона, ин нуктаи муҳимро ҳанӯз бархе аз мардум, ба вижа дар байни  соҳибмансабон ва тоҷирон, дуруст дарк накарда, аз роҳи ғайри фармудаи Худо - бо фанду фиреб, тамаъу ришва ва фаҳшу фасод   дороӣ ба даст меоранд. Ва аз ҳамин ҳисоб аъмоли хайреро, мисли бунёди масҷиду  тавофи Каъба ё садақа ба мардуми  бенаво анҷом дода, мехоҳанд гунаҳҳояшонро шӯянд, вале ин гуна хайрро, ки решааш  моли ҳаром аст,  Худованд қабул надорад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:
Ҳис асири ақл бошад, эй фалон,
Ақл асири рӯҳ бошад, ҳам бидон.
Ин гуфтаи Мавлоно маънои онро дорад, ки манбаи андешаву тафаккур ва ҳам таҳаммулу фаросат ақл аст, ки он аз рӯҳи Худо сарчашма мегирад. Аз ин рӯ ақли инсон танҳо дар натиҷаи  омӯзиши илму татбиқи он дар амал рушд меёбад.
Бесабаб нест, ки рӯҳи инсонро Ҳақтаъоло озод гузошт ва барои андешаву иҷрои корҳои хайру ботил ихтиёрро ба ӯ дод. Чуноне ки дар ояи 10-и сураи Балад фармудааст: "Ваҳадайноҳуннаҷдайни". Яъне ду роҳро пешниҳод мекунад.
Вале ҷисми ӯ бо  васвасаи шайтон гирифтори  ҳавову ҳавас гашта, рӯҳи беилмро ҳар лаҳза сӯи шар  таҳрик медиҳад.
Тибқи фармудаҳои Худою (ҷ) Пайғамбар (с)  ақл танҳо бо омӯзиши илм комил гашта, танро зери назорат мегирад. Бинобар ин, рӯҳ муваззаф аст, ки танро ҳукм ронад ва он аввалин офаридаи Халлоқ  маҳсуб меёбад. Дар давоми зиндагии инсон ва рушди ақли ӯ фаросаташ меафзояд. Ин  худ далели адолат ва озодӣ барои рӯҳ мебошад, ки Худо ато кардааст. Бадбахтии инсон он аст, ки танаш озод аз зиндони башар буда, рӯҳашро бар асари дурӣ аз  омӯзиши илм ва бедонишию беамалӣ маҳбуси зиндони дунё  мекунад.
Дар иртиботи фармудаҳои ояҳои Қуръони маҷид, ҳадисҳои Расули акрам (с), гуфтаҳои уламою шуарои бузург агар имрӯз   рафтору амали мардум, аз ҷумла баъзе хизматчиёни давлативу ходимони дин, зиёиву соҳибкор ва ғайра, ки аксар бандаи ҳавои нафсанд, муқоиса гардад, амали онҳо риёкорӣ буда, ҷомеаро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавӣ ба нокомию харобӣ мувоҷеҳ мегардонад.  
Аз ин хотир оиди зарурати омӯзиши илм  Худо (ҷ)  ва Пайғамбар (с) фармудаҳои зиёде доранд, ки тибқи онҳо инсон ҳар лаҳза таҳти назорати Холиқи якто буда, ба ҳар амалаш  ҷавоб медиҳад.
Барои интихоби роҳи ҳақу рост ва бунёди зиндагии зебо Худо (ҷ) аз миёни 6666 оят  аввалин ояро аз сураи Алақ, ки ҳадафаш омӯхтани илм мебошад, нозил  кардааст:
"Иқра биисми Раббикаллазӣ халақ, халақал инсона мин алақ". Яъне, бихон, илм биомӯз, ки ман туро аз як хунлахта офаридаам.
Пайғамбар (с) фармудаанд: "Утлубул - илма минал - маҳади илал -лаҳади". Яъне аз гаҳвора то ба гӯр илм биомӯзед.
Ва ё ҷои дигар фармудаанд: "Талабул илми афзалу минал- ибодати". Яъне омӯхтани илм афзалтар аз ибодат аст.
Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: "Утлубул - илма валав бис - Сини". Яъне илм агарчи дар Чин аст, бираведу биёмӯзед. Пайғамбар(с) дар ҳадиси мубораки худ фармудаанд: "Тафаккуру соатин хайрун мин ибодати санатин".  Яъне яксоата тафаккур, тааққул ва таҳлили илмии масъала беҳтар аз яксола ибодат  аст.
Ин фармудаҳои Худою (ҷ) Пайғамбар (с) барои ҳар фард фарз буда, ӯро вазифадор мекунад, ки тамоми умр аз пайи омӯзиши илм бошаду ҳамаи амалҳои дунявию ухравии худро тибқи таҳлилҳои илмӣ ба ҷо орад. Аммо дар баъзе мавридҳо  ходимони дин хаёл мекунанд, ки илмҳои соҳаҳои дигар, аз қабили тиб, кимиё, физика, математика, технология, ҳуқуқ ба илми ислом бегона аст ва баъзе олимони соҳавӣ низ андеша доранд, ки донишу илми онҳо ба дин вобастагӣ надорад. Ин андеша аз ҳар ду ҷониб нодуруст буда, қобили қабул нест. Чуноне ки Худованд дар  ояи 12-и сураи Талоқ фармудааст:
"Анналлоҳа ало кулли шайъин қадир ва анналлоҳа қад аҳота бикулли шайъин илман".  Худо ба ҳама кор қодир аст ва дар ҳақиқат ҳамаи илмҳо дар иҳотаи илми ӯст.
Агар ба мазмуни мавъизаву амри маъруфи бархе аз муллоҳо таваҷҷӯҳи махсус намоем, гумон аст, ки ба илмомӯзӣ даъвате дошта бошанд. Агар ба ҷои он, ки масалан таҳоратро  ба кадом даст бояд шурӯъ кард, ки он 1400 сол қабл таъкид шудааст ва ҳар мусулмон бояд донад, дар мавзӯъҳои суханрониашон ба омӯзиши физикаю химия ва биологияю ситорашиносӣ дахл намоянд, магар хуб нест? Аз ин нигоҳ Қуръонро  набояд ба маънии маҳдуди танҳо иҷрои таҳорату ибодат  фаҳмид. 
Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ фармудаанд:
Тамоми илмҳо андар вуҷудаш,
Ҳамин ваҳйии Раҳмон аст Қуръон.
Дар ин маврид Расули акрам(с) дар ҳадиси муборакашон гуфтаанд: "Талабул илми афзалу индаллоҳи минассалоти вас сиёми вал ҳаҷҷи вал ҷиҳоди фӣ сабилиллоҳи азза ва ҷалла". Ҷустани илм назди Худо аз намозу рӯза ва ҳаҷу ҷиҳод дар роҳи Худои азза ва ҷалла дида беҳтар аст (аз китоби "Канзулуммол"-и Алии Муттакии Ҳиндии Ҳанафӣ).
Чун Худованд(ҷ) илмомӯзиро аз ҳамаи дигар рукнҳо ва фаризаҳои динӣ боло ва пас аз усули дин мегузорад, пас чӣ монеае ҳаст дар миёни ин ду соҳил? Шояд аз ин тафриқа баъзеҳо манфиате мебинанд? Мо аз дарки воқеият чунон дур рафта истодаем, ки дар байни дин ва дониш ихтилоф эҷод мекунем.
Барои мисол, дар ояи 82-и сураи Нисо Худованд фармудааст: "Афало ятаддаббарунал Қуръон…"? Оё дар Қуръон тадаббуру фикр намекунед?
Фармудаҳои Худою (ҷ), Пайғамбар (с) маънои онро доранд, ки  ҷавҳари асосии инсон андешаю тафаккур, тадаббур ва бо таҳлили илмӣ амал кардан дар ҳалли  тамоми масъалаҳо мебошад. Аммо дар мавриди ҳалли масъала бидуни таҳлили илмӣ натиҷагирӣ  нашояд. Худо дар Қуръони азимушшаън  фармудааст: "Афало ятаддаббарунал Қуръон ам ало қулубин ақфолуҳо…".  Ҳангоми ҳалли масъала тибқи фармудаи Худо агар тадаббур накунӣ, қалбатро қуфл меандозад. Аммо агар имрӯз ба вазъи ҷомеаи мо ба чашми маънӣ бинигарем, бо вуҷуди он ки тамоми кӯшишу ҷаҳди мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи илм, маориф, тандурустӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ равона шудааст, раванди омӯзиши илм, дар аксари  муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишвар  ҷавобгӯи талабот нест. Сифати таълим  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Маънавиёту одоби мардум низ хеле коста гардидааст. Аз ин хотир дар баррасии умум қарор додани лоиҳаи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  саривақтӣ буд.
Ҳамин тавр, калиди ҳалли тамоми мушкилот, расидан ба орзую умед ва сохтани дунёи зебо барои  башар аз омӯзиши илм, кашфи масъалаҳои нуҳуфта ва амалӣ кардани онҳо дар ҳаёт мебошад. Яъне, аз назари шариат гуфтан мумкин аст, ки волотарин воҷиботи дини мубини ислом омӯзиши илм буда, он  болотар аз намоз, рӯзаю ҳаҷу ҷиҳод ва ғайра мебошад. Ҳар фарде, ки фарзияти намозу рӯзаю ҳаҷ ва ғайраро адо мекунад ва ё намекунад, фоида ё зарараш ба худи ӯ мерасад. Аммо илм агар амалӣ гардад, ба воситаи он башар  ба орзуву омоли  хеш мерасад. Ба мисле ки истифодаи нақлиёти ҳавоию заминӣ, телефон, компютер  ва таҷҳизоту асбобҳои техникӣ зиндагии мардумро беҳтар сохтааст, аммо ин комёбиҳои техникӣ аксаран маҳсули мусулмонон нест.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи амалҳои  инсон бояд бо илм алоқаманд бошанд. Пас оё амали ходимони дин ва намозгузорони масҷидҳои кишвари мо, ки гӯё қарзҳои худро  назди  Худо адо мекунанд ва зоироне, ки ба зиёрати Хонаи Худо мераванд, аз рӯи ҳавою ҳавас аст ё бо илму тааққулу тадаббур? 
Ба назари ман, бештари  ибодатҳои номбурда бидуни омӯзиши илм, аз рӯи ҳавову ҳавас  амалӣ мегарданд ва  ба нафъи онҳову ҷомеа нестанд.
Ба мисле ки баъзан толибилмону донишҷӯён аз надонистани он ки дар назди Худо (ҷ) омӯзиши илм волотар аз намоз аст, таҳсилро тарк карда, ба масҷид мераванд ва  ходимони дин низ бар асари бесаводӣ ва ноогоҳӣ аз фармудаҳои шариат ба ин амали онҳо таҳсин мегӯянд. Аз ҷониби дигар, баъзе падару модар ва масъулоне, ки дарку фаҳми аҳкоми шариатро надоранд,  монеи таҳсили фарзандонашон дар мактаб мегарданд, ки зидди фармудаи Худост. Дар ояи 122-и сураи Тавба омадааст: "Фалав ло нафара мин кулли фирқатин минҳум тоифатун лиятфаққаҳу фиддини  ва лиюнзиру қавмаҳум изо раҷаъу".  Бояд гурӯҳе аз мӯъминон сафар кунанд, то дар дин дониш андӯзанд ва чун боз гарданд, қавми худро ҳушдор диҳанд.
Яке аз сабабҳои наомӯхтани илм ва  коста гардидани ахлоқ ва  китоб нахондани ҷавонон  аз бемасъулиятии волидайн аст. Дар мавриде, ки Пайғамбар (с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: "Манбаи тарбияи ҷомеа модар аст". Яъне ҷомеае, ки модаронаш  бесаводанд, сатҳи маънавиёташ паст аст.
Танҳо ҳашт дарсади занҳои ҷумҳурӣ таҳсилоти олӣ доранд. Дониши аксари онҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ ҳангоми ҳалли бисёри масъалаҳои пешорӯяшон нотавонанд. Баъзе падару модарон ва ходимони дини кишвар бинобар маҳдудияти ҷаҳонбинӣ ва ноогоҳӣ аз илми шариату дунявӣ дар ин андешаанд, ки омӯзиши  илм барои зан зарур нест. Дар ноҳияи Нуробод соли таҳсили  2009-2010 баъди хатми синфи 9-ум аз 812  духтар танҳо 96 нафар дар синфи 10 таҳсилро идома дод.
Дастоварду пешравиҳо  дар ҷодаи иқтисодиёт, бунёди иншооту нерӯгоҳу шоҳроҳҳо ва ғайра ҳама аз кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти кишвар мебошад. Дар рушди илм низ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли тамоми масъалаҳои  дарпешистода мо бояд дар асоси нишондодҳои илмӣ  амал карданро ёд гирем. Вале дар ҷумҳурӣ  баъзе қишрҳои ҷомеа барои амалӣ гардондани ҳадафҳои  шуми худ  аз бесаводии мардум истифода бурда, дини мубини исломро василаи тазвир қарор медиҳанд.
Воқеаҳои нанговареро, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Балҷувон ва ғайраҳо ба амал омад, мисоли ин гуфтаҳост. Онҳо ба хотири ниятҳои ғаразноки худ баъзе гурӯҳҳоро ба дом афканда, аз номи дини ислом ба ғоратгарӣ ва қатли ҷавонон даст заданд.
Пайғамбари акрам (с) дар ҳадисашон фармудаанд: "Ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу". Яъне ҳар касе нафси худро шинохт ва бо он мубориза бурд, метавонад Худоро бишиносад. Ва ин мубориза фақат аз тариқи илмандӯзӣ ва саводомӯзӣ амалӣ хоҳад шуд. Гурӯҳҳои носолими ҷомеа, бар асари бесаводӣ нафси худро нашинохта, ба ҷиҳоди акбар, ки Пайғамбар (с) фармудаанд, иқдом накарда, ба доми ҳавову ҳавас ва бо ҳадафҳои муғризона  ғӯтавар шуда, ҷони чандин фарзандони миллатро рабуданд ва дунёи имрӯзаю фардои худро ботил сохтанд.
Агар инсон аз хондану омӯхтану навиштан рӯ бигардонад,  ҳеҷ гоҳ нафси худро шинохта наметавонад ва фақат дар зоҳир инсон буда, ботинан гирифтори шарри шайтон аст ва ба амалҳои бад даст мезанад.
Ҳамин аст, ки Худо (ҷ) дар оятҳои зиёди Қуръон омӯхтани илм ва шинохти нафсро барои ҳар як мусулмон воҷиб дониста, онро яке аз роҳҳои асосии ёфтани ризқи ҳалол ва сохтани зиндагии зебо дар дунё ҳисобидааст.
Дар ишора ба ин Абӯшакури Балхӣ низ фармудааст:
Биёмӯз, то зиндаӣ рӯзу шаб,
Чунин гуфт доно, ки бикшод лаб.
Умуман, баъзе аз қишрҳои ҷомеа динро фақат дар маъракаю маросим (тӯю, ҷаноза, худоӣ, мавлуд) ва намозу рӯзаю ҳаҷу закот дониста,  ба миқдори қудрату тавоноӣ  ва  дарки исломияшон ба манфиати хеш истифода карда, аз он шӯҳрат меҷӯянд.
 Дар бисёре аз оёту аҳодис омадааст, ки Қуръони карим дар ҳар давру замон мутобиқ ба талаботи  замони худ оид ба масъалаҳои илмии дунявию ухравӣ  фармудаҳои ҳидояткунандаву омӯзишӣ дорад. Нақшаю  ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва талаби дини мубини ислом низ болоравии рушди маънавиёт ва сатҳи иқтисодии ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Бинобар он, масъулони даврро, ки чӣ дар мақомоти ҳокимияти иҷроия, чӣ қонунгузор ва ё сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа мекунанд, зарур аст, донишашонро мукаммал намуда, дар андешаи доми тазвир кардани исломи ноб набошанд. Ин зумра бояд бидонанд, ки исломи нобро  роҳандозӣ намуда, онро мутобиқи талаботи рӯз ба рушди ҷомеа равона созанд. Ва ҳам бояд бидонанд, ки ислом фақат аз таҳорату намозу нияту ҳаҷу рӯзаю закот иборат нест. Чуноне ки аллома Иқбол фармудаанд:
Ислом на як савму салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст.

Тоҳири РАШИД,
исломшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5894
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед