logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таҷлили дуюмини ҷаҳонии ҷашни Наврӯз, шаҳри Теҳрон, 27 марти соли 2011

Бисмиллоҳир - раҳмонир - раҳим
Бародари гиромӣ, Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Эрон, доктор Маҳмуди Аҳмадинажод!
Бародарони азиз, раисони кишварҳо, давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!
Дӯстони азиз!
Ширкаткунандагони ҷашни бостонии Наврӯз!

Қабл аз ҳама ин ҷашни пуршукӯҳ, ин ҷашни зебоӣ ва ҷашни табиату баҳор, ҷашни сарсабзиву фархундагиро аз тарафи давлат ва миллати Тоҷикистон барои мардуми шарифи ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон, барои ширкаткунандагони ин ҷашни бостонӣ, барои меҳмононе, ки аз кишварҳои дуру наздик ба таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ ташриф овардаанд, самимона табрик мегӯям.
Мо имрӯз дар сарзамине гирд омадаем, ки ҳанӯз 2500 сол қабл аз ин бузургтарин маркази баргузории ҷашни Наврӯз буд.
Дар маросими таҷлили ҳарсолаи он намояндагони қариб тамоми мардумони мутамаддини ҷаҳони он рӯз аз Юнону Миср то сарҳадоти Чин ва аз Қафқоз то Ҳинд ширкат меварзиданд. Яъне дар он замон Наврӯз бузургтарин ҷашни ҷаҳонӣ ба шумор мерафт. Дар он рӯзгор минтақаи марказӣ ва асосии олами мутамаддин маҳз ҳамин ҳудуди зикршуда маҳсуб мегардид.
Имрӯз барои мо ҷои хеле хурсандиву ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ, ин ҷашни зебоии табиат, ҷашни соли нав аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди арзишманд натиҷаи кӯшишу талош ва пайгириҳои чандинсолаи давлатҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи бостонӣ буд. Бо машварату ҳамёрӣ ва дастгириҳои ҳамдигар ин натиҷаи барҷаста ба даст омад ва ин ҷашни зебои миллатҳову давлатҳои мо ҷойгоҳи ҷаҳонии муддатҳо фаромӯшшудаи худро бори дигар ва дар сатҳи олитару густурдатаре соҳиб гардид.
Чунонки ҳамагон медонем, доираи ҷуғрофиёии ҷашни Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз хеле васеъ арзёбӣ мешавад ва кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби сарзамини Чин шурӯъ шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд,  Қафқозу Русия, сарҳадоти Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ имтидод меёбад. Яъне ин ҷашн имрӯз дигар танҳо марбути қавмҳои эрониву туронӣ нест, чунонки дар қадим буд.
Ҳанӯз доираи ин ҷашн бо таъсис ёфтани империяи бузурги Ҳахоманишӣ ва ба ҳайати он шомил гардидани бузургтарин давлатҳову мардумони мутамаддини дунёи қадим аз ин доираи худ берун рафта буд, ки баъд аз ин барои кулли ин мардумон азизу мӯҳтарам ва мондагор гашт. Чунонки имрӯз ҷашни Наврӯз барои як тоҷику эронӣ азизу мӯҳтарам аст, ҳамчунони дигар барои як теъдод қавму миллиятҳои дигар низ мавриди эҳтирому пазириш қарор дорад.
Ман дар ин ҳамоиши бузург раво намедонам, ки бо баён доштани мушаххасоти гузаштаи таърихии ин ҷашн хотири шарифи ҳозирини арҷмандро гирифтор созам, чун ҳама аҳли фазлу дониш ва донандагони ҳол ва мутахассисони варзида дар ин ҷо гирд омадаанд ва умед аст, ки эшон дар ин боб гуфтаниҳои тахассусие аз худ тақдим хоҳанд дошт. Донишмандон дар ҳама давру замонҳо аз Наврӯз таҳқиқот карда, ин нуктаро муайян намудаанд, ки чунин ҷашн дар ҷаҳон назири худро надорад. Агар бештаре аз ҷашнҳои олам ба воситаи ҳодисаҳое дар миёни мардумоне машҳур шуда, мавриди пайравии доимии эшон қарор гирифта бошанд, пас Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст.
Ин воқеан ҳам зиндатарин ҷашне дар рӯи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон халқу миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Он ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон, воқеан ҳам омадани соли нав аст. Пеши роҳи онро ягон таълимоту идеоложие гирифта наметавонад, баръакс он бо зебоии худ, чунонки таърих борҳо исбот намудааст, тамоми эътиқодоти башариро ба худ ҷалб намуда, бо ҳама созгор омадааст. Ҳар таълимоте, ки бо ин ҷашн рӯ ба рӯ омада, аз шиддати меҳру муҳаббат бад-он бо либоси маънавии худ ӯро пӯшида, боз ҳам зеботар гардонидааст. Ин ҳолатро мо дар замонҳои мухталифи таърихӣ дар бархӯрди ин оини нек бо дину ойинҳои гуногуне мушоҳида кардаем. Ва акнун, чунонки мебинем, бо ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару пуршукӯҳтар хоҳад шуд!
Тоҷиконро ин мақол аст, ки "Офтобро бо доман пӯшида намешавад", чун зуҳури ин рӯзу ин ҷашн баста ба Офтоб аст, яъне расидани бурҷи Офтоб ба хонаи эътидол ва бад-ин восита баробар шудани шабу рӯз аст. Мазмуни мақол ҳам ҳамин хоҳад шуд, ки Наврӯзро бо чизе пӯшида намешавад.
Зеро он бо расиданаш тамоми мавҷудоти дар зимистон хобрафтаи табиатро ба ҳаракат меорад, ҳавои сарди дилгирро гарму дилкаш, олами наботиву ҳайвонӣ ва инсониро пурҳаракату шоду масрур мегардонад. Ин сели ҳаёту зиндагию умедворист, ки бар фавқи хуфтагиву маргу ноумедиҳои сармоӣ сар мезанад ва касеву чизеро аз неъмати худ дар канор намегузорад. Аз ин аст, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ пӯшидан, инкор кардан, нодида гирифтан имкон надорад!
Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд.
Тибқи андеша ва эътиқоди онон Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад.
Чунонки аз манобеи таърихии бостонӣ бармеояд, қавмҳои ориёии қадим, ки аввал дар ҳудуди Мовароуннаҳр ва атрофи он ба сар мебурданд, қабл аз сарозер шуданашон ба сарзамини имрӯзии Эрон ҳам Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд. Як қисмате аз сарзамини эшон, ки минтақаи бузурги кӯҳистонии Бадахшону Ҳиндукушро дар бар мегирифт ва сарзамини ниҳоят сарде ба шумор мерафт, расидани фасли баҳор барои эшон дар ниҳояти интизорӣ ба анҷом мерасид, бад-ин хотир буд, ки ин ҷашн дар мунтаҳои шукӯҳу азамат таҷлил меёфт.
Ва ҳам ин амал то ба имрӯз дар ин минтақа азизу мӯҳтарам аст.
Донишмандони бузурге чун Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон дар таҳқиқоти илмии хеш навиштаанд, ки ҷашни Наврӯзи суғдиёну хоразмиён аз ҷашни мардумони Форс чандон фарқе надорад.
Якчанд тафовуте, ки дарёфтаанд, ба қавли Берунӣ иборат аз он аст, ки чун қавмҳои ориёӣ аз Балх ба сӯи Бобулу Байнаннаҳрайн рафтанд, баъзе урфу одоти худро бо мардумони он ҷониб омезиш доданд, ки бад-ин сабаб фарқиятҳое ба вуҷуд омад.
Дар ин замина донишманди шаҳири эронӣ устод Саъид Нафисӣ дар муроҷиат ба мардумони сарзамини худ ин нуктаро пайваста эълом медошт, ки "Нажоди ориё дар доманакӯҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рӯди Ҷайҳуну Сайҳун (яъне Мовароуннаҳр) нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст... Мо - эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост".
Агарчи дар ин кӯчиши бузург тағйироте падид омад, аммо таҳкурсии аввалияи он расму русуми аҷдодӣ ҳамеша барҷаставу фаъол боқӣ монд, ки дар ин силсила ҷашни Наврӯз низ устувор буд. Дар андак муддате дар бархӯрд бо дигар тамаддунҳои пешрафтаи ҷаҳони он рӯз инкишофу пешравии бештаре кард ва аз ҳамин ҷо, аз ҳамин замине, ки алҳол мо қарор дорем, яъне дар сарзамини Тахти Ҷамшед аввалин қадамҳои устувори ҷаҳонишавии худро гузошт.
Аммо ин ҷашн дар зодгоҳи аввалияи худ - дар сарзамини бузурги Ориё бо тамоми арзишҳо ва назокати мардумии худ пайваста боқӣ буд ва суннатҳои ибтидоии худро ҳамеша нигоҳ медошт. Бузургтарин рамзи ин ҷашн - гулест бо номи "гули наврӯзӣ", ки маҳз дар вақти фаро расидани Наврӯз дар минтақаи кӯҳистонии Мовароуннаҳр ва атрофу акнофи он шукуфо мешавад. Падид омадани ин гул башорат аз расидани Наврӯз аст, ки аз кӯҳу дашт чидан ва ба манзили зист овардани он як маросими ҳаяҷонбахши мардумӣ дар сарзамини мост. Ва бо ин ном дарёфтани гуле, ки маҳз "Наврӯзӣ" ном дошта бошад, аз ин манотиқ дуртар мушоҳида намешавад, магар гули сурӣ, ки он ҳам аз гулҳои зебои айёми Наврӯз аст.
Дар сарзамини Бохтари бузург, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯзӣ як қисмате аз он буд ва тобеоти он ҷашни Наврӯз бо номи "Ҷашни гули сурх" дар мунтаҳои шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешуд ва гумон мекунам, ки он гул имрӯз дар дасти шоҳаншоҳи Эрони бостон - Дорои Бузург ва дигар сарони бузурги давлати ӯ ба воситаи ин пайкараҳои зебои сангин то ба мо расида, аз ягонагии мо дар он дунёи қадим башорат медиҳад.
Ин ҷашн дар замони ислом низ шукӯҳу ҷалоли худро аз даст надод. Баръакс, дар хилофати исломӣ пазируфта шуд ва тавассути умури идории он дар тамоми қаламрави ислом густариш ёфт ва ҳатто бо номҳои мухталифи дигаре, аз қабили "Наврӯзи Мӯътазидӣ", "Наврӯзи Азудӣ" ва "Наврӯзи султонӣ" машҳур шуд. Ба ибораи дигар, Наврӯз бори дигар, ин дафъа дар ҷуғрофиёи васеътаре ҷаҳонӣ шуд.
То ҷое, ки дар ҷаҳон ҳамчун ҷашни мусулмонӣ ном гирифт. Чунончи сайёҳони аврупоӣ, ки дар асрҳои 18-19 ба Мовароуннаҳр омадаанд, дар ёддоштҳои хеш навиштаанд, ки мусулмонони ин ҷойро дар ин рӯзгор се иди бузург аст: иди Фитр, иди Қурбон ва иди Соли нав (яъне Наврӯз) ва аммо иди Соли навро бо иҷро намудани тамоми одобу русумаш бузургтарини идҳо арзёбӣ намудаанд.
Наврӯз дар қисмати Мовароуннаҳр бо номи иди "Соли нав" то замони падид омадани давлати Шӯравӣ бо тамоми вусъат ва шукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Агарчи дар замони Шӯравӣ ин ҷашн ба таври расмии давлатӣ аз миён рафт, вале мардум ҳеҷ гоҳ аз ҷашн гирифтани он даст накашиданд.
Маҳз ҷашнгириҳои пайвастаи мардумӣ буд, ки тамоми одобу русуми Наврӯз дар ҷумҳуриҳои шӯравии ҷашнгиранда, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳифз шуд ва дар давраи ба истиқлол расидан аз нав комилан эҳё гардид.
Ва инак пас аз ҷаҳонӣ шудан ва фароҳам омадани имкониятҳои бештар кишварҳои моро лозим аст, ки ба воситаи таҷлили пуршукӯҳи ҳамасолаи Наврӯз тамоми суннатҳои қадимии онро, ки албатта, теъдоде аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, зина ба зина бо дастгирии илмию фарҳангии ҳамдигар пурра эҳё гардонем ва боз ҳам бештару беҳтар ба оламиён собит карда тавонем, ки воқеан ҳам Наврӯз аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Ва ин вазифаро, бидуни шак, бо ёрии ҳам ба ҳалли ниҳоӣ хоҳем расонид.
Дар баробари ин моро лозим аст, ки баъзе суннатҳои наврӯзиро барои беҳбудии ҳаёти имрӯзиамон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте, ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, дар он ҷо дастовардҳои муҳими илмӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли инро ба маърази намоиши якдигар гузорем, то бад-ин восита мо бо ҳам имкони боз ҳам бештар пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои волои наврӯзӣ ба ҳам наздик шудан ва падид овардани меҳру муҳаббат миёни мардумони гуногун аст.
Дар ин ҷо бори дигар табрикот ва шодбошиҳои самими хешро ба ҳамаи дӯстон ва азизон иброз медорам ва бо риояи суннати наврӯзӣ таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам:

Наврӯзатон пирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Чун имрӯз байни азизон ва бародарони худ қарор дорам, наметавонам як байти дигаре бароятон нагӯям:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед