logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тантанаи наврӯзӣ дар Боғи миллии "Ваҳдат", ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 26 марти соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Чанд рӯз инҷониб мардуми сарбаланду шарифи сарзамини хуршедиамон, ки воқеан зодгоҳу ватани Наврӯз аст, бузургтарин иди миллиямонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Маҳз ба ин хотир, имрӯз мо низ дар наврӯзгоҳи Боғи миллии Ваҳдат ҷамъ омадаем ва фарорасии баҳори нозанини гулафшон, эҳёи табиату сарсабзӣ ва ҷашни миллии Наврӯзи хуҷастаро бо фараҳу шодмонии беандоза истиқбол мекунем ва аз даргоҳи Худои поку лоязол умед дорем, ки ин рӯзи нек бо қудуми сабзу мубораки худ ба хонадони ҳар кадоми шумо файзу эҳсон ва шодкомӣ орад.
Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифу меҳмоннавози вилояти бостонии Суғд, аз ҷумла сокинони заҳматписанду фарҳангдӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гиромитарин ва муқаддастарин ҷашни миллати куҳанбунёдамон - Наврӯзи ҷамшедӣ ва Соли нави аҷдодӣ  аз самими қалб табрик намуда, бароятон  пеш аз ҳама саломатӣ, сарсабзӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва барори кору комёбиҳо орзу менамоям.
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанӯз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврӯз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.
Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо - тоҷикон аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд. Бояд зикр кард, ки тибқи донишу таҷрибаи онҳо дар асрҳои бостонӣ фаслҳои солро ба давраҳои гармо ва сармо тасниф менамуданд. Ин ду фасли сол, яъне гармо - тобистон аз ҳафт моҳ ва сармо - зимистон аз панҷ моҳ иборат буданд.
Дар ҳар яке аз ин фаслҳо ҷашне баргузор мегардид, масалан ҳангоми фарорасии фасли гармо хонаву кӯчаҳоро тоза карда, гулҳоро аз гармхонаҳо ба чаманистонҳои сабзу хуррам мебароварданд, аз дидани чеҳраи дилорои офтоб хушҳол мешуданд, интизори расидани падидаҳои тозаи рӯзгор, беҳбудии шароити вазъи ҳаво, рустани гулу гиёҳҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, яъне бедории табиат гардида, онро бо некрӯӣ пешвоз мегирифтанд.
Онҳо Наврӯзро ҷашни офариниши инсонҳо медонистанд ва дар фарҳанги асилу азими ҷовидонаашон ин падидаи абадии башариро мӯътабар мешумориданд.
Мутобиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ, баъзе олимон таърихи пайдоиши инкишофи Наврӯзи оламафрӯзро ба ялону паҳлавонон ва шоҳаншаҳони асотири ориёӣ, аз ҷумла Ҷамшеди Пешдодӣ, Таҳмураси Девбанд, Каюмарси Кӯҳшоҳ ва Фаридун нисбат медиҳанд.
Дар ин рӯз расм аст, ки мардум барои якдигар ширинӣ мефиристанд. Зеро дар рӯзи Наврӯз найшакарро ёфтанд ва ком ширин карданд, ки он ба яке аз фазилатҳои  иди баҳор табдил гардид. Ва имрӯз, яъне 26 март рӯзи шашуми ид - Наврӯзи бузург аст, ки ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ "дар назди ориёиён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст.
Ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биофарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст. Ва аз ин ҷост, ки онро "рӯзи умед" ном ниҳоданд. Ва дар бомдоди Наврӯз ҳар кас шакар бичашад, дар ҳама сол аз анвои офатҳо солим хоҳад монд".
Дар баробари ин, ҷашни миллии Наврӯзро дар баробари мардумони ориёинажод дигар халқҳое, ки бо сарзамини бузурги Аҷам ҳамеша робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштаанд, бо тамоми одобу русумаш ҳамчун яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллиашон пазируфтаанд, ки ин, бешубҳа, баёнгари меҳру муҳаббат, тарғибгари некиву накӯкорӣ ва бунёдкориву созандагӣ будани Наврӯзи Аҷам мебошад. Ҳамин ғояҳои умумибашарии Наврӯз соли гузашта аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид ва дар ниҳоят қатъномаи "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" қабул шуд.
Суннату таомулҳои неку писандидаи аз кинаву кудурат пок кардани дилҳо, бахшидани гуноҳҳо, авфи якдигар, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, мӯҳтоҷону эҳтиёҷмандон, инчунин афрӯхтани гулхани наврӯзӣ, густурдани ҳафтхони наврӯзӣ, шинонидани ниҳол, ҷуфтбаророн, пошидани донаи умед, баргузор кардани мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва таконидани ҷиҳозу асбоби хона имрӯз ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз моҳияти худро дубора эҳё намуда, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил меёбанд.
Бистумин Наврӯзи истиқлолият ба кишвари мо низ мазмуну моҳияти нав ворид мекунад ва муждаю навгониҳои тару тоза меорад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз дар кишварамон таровати хоса гирифта, он сол ба сол дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати азим таҷлил мегардад. Мо дар даврони истиқлолият, ки дар назди таърих на он қадар фосилаи зиёд мебошад, дар ҳама арсаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил шудем. Бузургтарин дастоварди мо хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ мебошад. 
Вобаста ба ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар баробари ҳамаи мардуми кишвар сокинони ватанпарасту ватандӯст ва заҳматпешаву соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд низ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзанда доранд ва мисли ҳарвақта дар сафи пеш мебошанд. Онҳо дар назди худ вазифа гузошта буданд, ки барои дар сатҳи олӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллиамон 20 - солагии истиқлолият беш аз дусад иншооти гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро, ки ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои муосир мебошанд, мавриди баҳрабардории умум қарор диҳанд.
Имрӯз дар доираи чорабиниҳои наврӯзии вилоят мо шоҳиди ба истифода додани мактаби навбунёди замонавӣ ва чор корхонаи нави саноатӣ гардидем, ки воқеан қобили таҳсину ифтихор мебошад. 
Дар ин боғе, ки мову шумо ҳоло ҳузур дорем,  чанд сол пеш дар арафаи ҷашни Наврӯз аввалин ниҳолҳои онро шинонида будем, ки аллакай ба як макони биҳиштосо ва мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашт табдил ёфтааст.
Тавре ки мушоҳида мекунед, ҳоло он на танҳо ба парваришгоҳи ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои нодир, балки ба як нигорхонаи табиати зебову рангоранги ватанамон мубаддал гашта, маданияти баланди заминдориву боғдорӣ ва дар маҷмӯъ як ҷузъи фарҳанги зиндагии моро нишон медиҳад.   
Ин табиати назаррабову дилкушо эҳсоси гарми худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ифтихори миллии ҳар як фарди соҳибзавқро бармеангезад ва онҳоро ба раванди бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин садои бедории табиат моро вазифадор месозад, ки дар баробари аз таъриху фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллии худ огоҳ будан, инчунин бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар намоем.
Бо истифода аз ҳузури намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мехоҳам як масъалаи ҳаётан муҳимро хотирнишон намоям. Дар давоми чанд соли охир бо сабаби  падидаи глобалии гармшавии иқлим, ки боиси ба вуҷуд омадани бисёр офатҳои табиӣ - камобӣ, хушксолӣ ва дигар мушкилот мегардад, инчунин бинобар афзоиши босуръати аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба маводи озуқа ва сӯзишворӣ нархи онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ торафт баланд шуда истодааст. Ва тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин тамоюл минбаъд низ идома меёбад. Дар чунин шароит роҳи ягонаи  пешгирӣ кардани афзоиши нархи хӯрокворӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзии худӣ тавассути истифодаи оқилонаву сарфакоронаи обу замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду - се ҳосил, махсусан аз заминҳои обӣ, яъне васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ҳатман ташкил кардани захираи дусолаи маводи зарурии озуқа дар ҳар як оила мебошад. Яъне фаровониву арзонӣ, пеш аз ҳама, ба худамон вобаста аст.
Илова бар ин, мо бояд сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил диҳем, муқаррароти қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро риоя намоем, зиёдравӣ накунем ва ин кори хайрро ба фарзандони худ доим талқин намоем.
Ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем барои худ зиндагиву рӯзгори осударо таъмин карда, расму оинҳои нек ва маросиму ҷашнҳои миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро ба хотири ҷамъ ва дастурхони ороста истиқбол намоем ва ҷашн гирем.
Бо ҳамин ниятҳои неки баҳорона бори дигар шумо - ҳозирини гиромӣ ва мардуми сарбаланду бонангу номуси Суғдро ба ифтихори ҷашни фархунда ва мубораки Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Қудуми сабзи Наврӯз муборак бод, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3264
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед