мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Моту Конишӣ
31 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Моту Конишӣ, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонум Марша Олив - намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози сӯҳбат Моту Конишӣ ба Эмомалӣ Раҳмон Марша Олив - намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии устувори Бонки ҷаҳониро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишвари мо таъкид намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гаштанд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар давраи бартарафсозии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир шуд.
Масоили вобаста ба ташхиси техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва хатти баландшиддати барқии КАСА - 1000 низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кори коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба поён расида, ба ҳамаи баҳсҳои атрофи ин лоиҳа дар минтақа хотима мегузорад.
www.president.tj
* * *
Моту Конишӣ, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таъйини Марша Олив ба ҳайси намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон истиқбол кард.
Мавсуф зимни сӯҳбат бо хабарнигорон пирӯзии Марша Оливро дар баробари дигар довталабон ба ин вазифа таъкид карда, ҳамзамон аз таҷрибаи кории ӯ дар умури бонкӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ тавсиф намуд.
Хонум Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз соли 1992 дар ҳайати намояндагии ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ ба кишвари мо сафаре анҷом додааст. ӯ гуфт, вазъияти Тоҷикистон дар он солҳо печида буд, вале имрӯз комёбиҳои қобили мулоҳизае ба даст омадаанд, ки натиҷаи сиёсати бобарору устувори роҳбарияти ин давлат аст.
Марша Олив дар сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма қавл дод, ки ба ҳайси намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо талош намуда, дар он аз манофеи Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2136