logo

ҳукумат

Нақшаҳои генералии Тавилдара ва Хоруғ тасдиқ шуданд

30 март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои корӣ солҳои 2005-2010 дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят додааст, шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар зарфи 5 соли гузашта дар натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳаҷми маҷмӯи минтақавии маҳсулот дар вилояти Суғд 3,8 баробар афзуда, дар соли 2010 ба 5,7 миллиард сомонӣ расид. Шумораи соҳибкорони хусусӣ дар ин мӯҳлат аз 17 ҳазор ба 44 ҳазор нафар расида, 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гашт. 66 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфт ва ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар зиёд шуд. Дар 5 сол майдони боғҳо 14,5 ҳазор гектар васеъ шуда, содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар аз 48 ҳазор тонна ба 85 ҳазор тонна расид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз нишондодҳои мусбии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон кори корхонаҳои қаблан вуҷуддоштаи саноатиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Супориш дода шуд, ки барои таъмини пардохти пурраи бақияпулиҳои андоз тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ҳамчунин фаъолияти бахши тухмипарварии соҳаи кишоварзиро дар вилояти Суғд ва дар тамоми қаламрави кишвар ғайриқаноатбахш номида, ба масъулони дахлдор барои ҷоннок намудани корҳои илмию истеҳсолӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас дод.
Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Гурез Зарифов, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи татбиқи Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти соҳа барои тезондани ҷорисозии низоми ягонаи автоматӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва омода кардани кадрҳои болаёқати соҳа супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки бо роҳандозӣ кардани низоми автоматии назорат шаффофияти кори дидбонгоҳҳо таъмин гашта, пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ гирифта мешавад.
Нақшаҳои генералии ноҳияи Тавилдара ва шаҳри Хоруғ тасдиқ карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, таъкид дошт, ки барои ободонии ин ва дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақаҳо  таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи генералӣ маркази ноҳияи Тавилдара бояд ба як шаҳраки намунавии минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон табдил ёбад. Ин шаҳрак аз минтақаҳои истиқоматӣ, биноҳои муосири маъмурӣ, боғи марказии фарҳангиву фароғатӣ, иншооти варзишӣ, мавзеи ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра иборат хоҳад буд.
Дар мавриди шаҳри Хоруғ бошад, Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, дастур дод, ки сохтмон ва таҷҳизи иншооти сершумори дар шаҳри Хоруғ бунёдёбанда, аз ҷумла навсозии роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ, таъмини он бо оби нӯшокӣ, иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо сифати баланд ба анҷом расонда шавад.
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи миллии барҳамдиҳии интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, Тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 ва як зумра санадҳои дигар тасдиқ карда шуд.
Дар робита ба Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 таъкид гардид, ки он бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таҳия гардида, ҳадафи асосиаш ҳунаромӯзии ҷавонон, бозомӯзию такмили ихтисоси калонсолон ва таъмини мардум бо ҷойи корӣ мебошад. Татбиқи босамари ин барнома имкон медиҳад, ки ислоҳоти системаи роҳнамоии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби касб таъмин гардад.
Чунонки зикр гардид, дар марказҳои таълимии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ соли 2010  8 ҳазор нафар мавриди омӯзиш ва бозомӯзӣ аз рӯйи 48 намуди касбу ҳунар қарор гирифт. Соли 2011 бо назардошти имконоти марказҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар шумораи ҳунаромӯзон ба 40 ҳазор хоҳад расид.
Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 бошад, ба навсозии инфрасохтори соҳаи нақлиёт ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии он нигаронда шуда, барои татбиқи пурраи он харҷи 43 миллиарду 662,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, грантӣ ва қарзҳои имтиёзӣ пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаҳои қонунҳо "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок" ва "Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ", ки ҳар ду бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, таҳия гаштаанд, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иловагӣ, маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонун "Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ" содаву шаффоф намудани расмиёти маъмурӣ, кӯтоҳ намудани вақт барои гирифтани иҷозатнома ва  кам кардани шумораи иҷозатномаҳо аст. Тавре маълум шуд, баъди қабули ин қонун шумораи иҷозатномаҳо аз 600 ба 85 адад хоҳад расид. Ин тадбир дар доираи чораҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Лоиҳаи ду қонуни дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" ва "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор ноҳияҳо барои тақсим кардан ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, бо ин мақсад ба ноҳияи Восеъ 13 гектар замин барои 180 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ноҳияи Ховалинг 5 гектар барои 41 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ноҳияи Тоҷикобод 272,59 гектар барои 1724 оила, ки 126 - тоаш оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мебошанд, ҷудо гардид.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулон барои иҷрои пурра ва саривақтии буҷети давлатӣ, амру фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумат, вусъат додани киштукори баҳорӣ, бунёдкорию созандагӣ ва омодагии ҷиддӣ ба таҷлили сазовори солгарди 20-уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед