logo

энергетика

Зарафшон нурафшон мешавад

Ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои бистуми асри гузашта ҳукумати Шӯравӣ бунёди нерӯгоҳи барқи обиро дар мавзеи Дупулаи рӯди Зарафшон тарҳрезӣ карда буд. Ин тарҳ яке аз бахшҳои  нақшаи азими ГОЭЛРО ба ҳисоб мерафт. Бо сабабҳои  гуногун он амалӣ нагардид.

Вале андешаи бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург аз сари зимомдорони вақт дур намешуд. Солҳои 40- 50 -и асри гузашта дар шохобҳои ин рӯд аз Панҷакент то Кӯҳистони Мастчоҳ даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд бунёд гашт. Баъдан, бо кашидани хатҳои баландшиддати барқ эҳтиёҷ ба ин нерӯгоҳҳои хурд аз байн рафт. Ҳоло ки камбуди барқ эҳсос мешавад, эҳтиёҷ ба чунин нерӯгоҳҳо афзудааст.
Оғози соли нави милодӣ ба сокинони деҳаи Панҷрӯд хурсандии тоза овард. Нерӯгоҳи барқи обии хурди "Панҷрӯд", ки сохмонаш соле қабл оғоз ёфта буд, бо сарпарастии соҳибкори муваффақ Мардон Насриддинов, бо харҷи чоруним миллион сомонӣ бо иқтидори 500 кВт мавриди истифода қарор гирифт. Аз нури он на танҳо хонаҳои сокинони Панҷрӯд, балки деҳаҳои Кулолӣ ва Зери Ҳисор низ шабу рӯз чароғон гаштанд.
Воқеан ин дуюмин НБО-и хурд аст, ки дар рӯди Урӯҷ  бунёд шудааст. Ҳанӯз соли 2008 бо дастгирии Президенти мамлакат дар ин рӯд НБО-и хурди "Артуч"  баҳрабардорӣ шуд. Аз он то имрӯз аҳли деҳаҳои Артуч, Мадовра ва  Яккахона истифода мебаранд.
-Бо тақозои вазифа зиёд ба деҳаҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ сафар мекунам. Аз соҳилҳои рӯди Зарафшон, шохоби сершумори он  гузашта мебинам, ки дар он даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохтан мумкин аст, - мегӯяд Мӯсоқул  Азизов, сарвари ҶСК "Шабакаҳои барқи Панҷакент"  . 
Бо бунёди хати барқи Ҷануб - Шимол ва  пайвастани он ба шабакаҳои барқи водӣ, таъмини навоҳии Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо нерӯи барқ беҳтар гардид. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо ширкати чиноӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёди пойгоҳи тақсими нерӯи барқ идома дорад. Ба истифода додани он вобастагии моро ба барқи давлати ҳамсоя аз байн мебарад. Зиёда аз ин барои бунёди нерӯгоҳи хурди барқи обии "Айнӣ" бо иқтидори 150  мВт бо мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон мувофиқа  шудааст.
Дар шохобҳои дарёи Зарафшон беш аз панҷоҳ нерӯгоҳи барқи обии хурд бунёд ёфт, ки дар хизмати мардум аст ва бунёди боз даҳҳо чунин нерӯгоҳ идома дорад.
Тавре Маҳмадҷобир Ризоев, муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, мегӯяд, ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сокинони ноҳия хеле барвақт шурӯъ намуда буданд. Ин нерӯгоҳҳо, ки шумораашон ҳоло ба 46 адад мерасад, аз 5 то 85 кВт иқтидор дошта, асосан бо  ташаббуси худи сокинон бунёд шудаанд. Масалан, дар деҳаҳои Водиф, Сабағ, Табушн, Мадрушкат, Роғ ҷамъ 21 нерӯгоҳи хурд дар хидмати мардум аст..
Охири соли гузашта нерӯгоҳи хурди "Кӯҳистон-1" дар деҳаи Оббурдон бо иқтидори 500 кВт ба истифода дода шуд. Ҳоло бошад бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони НБО-и хурди Кӯҳистон аз ҷониби ассотсиатсияи "Умеди Ҷалолиён" бо иқтидори 480 кВт, дар деҳаи  Даштаки Ҷамоати деҳоти Иван - тоҷик бо иқтидори 55 кВт идома ёфта, бунёди боз  панҷ нерӯгоҳи хурд  тарҳрезӣ шудааст.
Дар шаҳри Панҷакент даҳ сол муқаддам бо ташаббуси соҳибкор, Тиллобой Кeчму-родов  НБО-и хурди "Тиллогул" бо иқтидори 100 кВт бунёд ёфта буд. Солҳои минбаъда, тавре ёдовар шудем, НБО-и хурди "Артуч", "Панҷрӯд", "Порвен" ва "Бадгаҳ" бунёд шуданд. Ҳоло бунёди чунин НБО-и хурд бо дастгирии созмони байналмилалии "Миссияи Шарқ" дар деҳаи Зиддӣ идома дорад. Бо дастгирии ин созмон НБО-и хурд дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ низ оғоз шудааст.
- Дар бунёди ҳамаи ин нерӯгоҳҳо мутахассисони ҶСК  "Шабакаҳои барқи Панҷакент" бо маслиҳату дасгирии худ саҳмгузор ҳастанд,- мегӯяд Мӯсоқул Азизов.
Воқеан, ШСХК "Барқи тоҷик" аз имкониятҳои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар рӯди Зарафшон ва шохобҳои он хуб истифода менамояд. Бунёди НБО-и хурди "Марзич", ки иқтидораш 4,3 мВт мебошад, айни замон аз калонтарин нерӯгоҳҳои водии Зарафшон маҳсуб ёфта, он низ бо маблағгузории ин ширкат идома дорад ва соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.                                                                          

Т. СОЛЕҲЗОДА,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед