мулоқотҳо
Баҳои баланди Cафирони САҲА ба Тоҷикистон
4 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи сафирони кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
"Мо ин созмонро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар чорчӯбаи он ҳамкории пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошем", - изҳор дошт дар о-ғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат. Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки асосан дар се самт - сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳамчунин аз фаъолияти гурӯҳи кории созмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат доир ба ҳамкории пурсамар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ва аз минаҳо тоза кардани минтақаҳои наздисарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Аз ҷониби сафирони кишварҳои аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа, хусусан дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам эҳёи иқтисодиёти ин кишвари азияткашида баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2039