мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев
4 апрел байни Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон сарвари Қазоқистонро бо пирӯзиаш дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президенти он кишвар табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ ва дар ин маснади олӣ муваффақияту комёбиҳо орзу кард.
Бо ибрози сипосу ташаккур Нурсултон Назарбоев хостори ҳамгироии зич, пурсамар ва мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст гардид.
Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон вазъи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар ва барномаи ояндаи мулоқот ва вохӯриҳои сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки тобистону тирамоҳи ҳамин сол баргузоршавии онҳо мутаносибан дар Душанбе ва Остона дар назар аст, баррасӣ намуда, нисбати мавзӯъҳои ба рӯзнома воридшаванда ибрози назар намуданд.
Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Нурсултон Назарбоев барқияи табрикотӣ низ ирсол намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2033