мулоқотҳо
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратӣ
5 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ кадрҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, соҳаи нақлиёт ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов муовини вазири корҳои дохилӣ ва Мухтор Неъматов директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо таъин шуданд.
Раҷаб Маҳмадалиев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҷалил Пириев, ки директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт.
Дар мувофиқат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Балҷувон, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва командирони чанде аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ иваз карда шуданд.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои мазкур, тақвияти тартибу интизом ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла дар сохторҳои низомию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1983