logo

энергетика

"Барқи тоҷик" дурӯғ нагуфтааст!

Ҷавоб ба овозаҳо ва маводи матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ бобати  аз даҳаи дуюми моҳи март дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шудани реҷаи махсуси таъмини барқ
Замоне, ки вобаста ба ғайримуқаррарӣ паст фуромадани ҳарорати ҳаво дар моҳи март системаи энергетикии кишвар ба реҷаи махсуси интиқоли барқ гузашт, дар байни мардум ва ҳатто воситаҳои ахбори омма баъзе овозаҳои беасос ва нодуруст паҳн гаштанд. Хандаовар аст, ки гӯё дар ин давра Тоҷикистон ба Покистон барқ мефурӯхта башад ва барои ҳамин барқ барои талаботи дохилӣ кифоят намекунад...Ҳатто хабарнигори як ҳафтаномаи мӯътабар ҳам ин суолро ба мо дода фикр накард, ки алҳол ба таври мобилӣ интиқол додани барқ кашф нашудааст. Ва дар ҳолате, ки мо ҳоло ба ин кишвар хатҳои интиқоли барқ надорем, чӣ тавр метавон ба Покистон барқ фурӯхт?!
Ба касе пушида нест, ки мо ба Афғонистон  барқ мефурӯшем, вале ин ҳам асосан дар фаслҳои гарм сурат мегирад ва ҳадаф аз он гум накардани бозор аст. Барои мисол, дар тули соли 2010 Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамагӣ 82,0 млн.кВт.соат нерӯи барқ интиқол додааст, ки зиёда аз 80 фоизи он ба фаслҳои гарм, ки дар мо барқи зиёдатӣ мавҷуд буд, рост меояд.
Дар нимаи дуюми моҳи март ба реҷаи махсус гузаштани интиқоли барқ дар ҷумҳурӣ боиси пайдо шудани овозае гардид, ки гӯйё  "Барқи Тоҷик"(?) ба Ӯзбекистон об сар медода бошад?!". Ин  боз ҳам хандаовартар аст. Охир чӣ хел ва бо кадом мақсад "Барқи Тоҷик" турбинаҳои нерӯгоҳҳояшро сарфи назар намуда, ба Ӯзбекистон "об сар медиҳад"? Аз дигар тараф, ҳар сантиметр оби ба зар баробар ба ҳисоб гирифта мешавад, ки ин даъвои беҳудаи  ба Ӯзбекистон об сар доданро  пурра бемантиқ мегардонад.
Ғуломиддин Сайфиддинов, ки чанд сол боз даъвои коршиносии соҳаи энергетика дорад ва одатан соле як-ду бор дар ҳолатҳои вазнин шудани вазъи таъминот бо барқ овоз мебарорад, имсол дар фасли зимистон бо сабаби он, ки таъминот хуб буд, гап наёфта, акнун аз "фурсати муносиб" истифода бурда, дар мусоҳиба бо радиои "Озодӣ" дар санаи 24 марти соли 2011 изҳор намудааст: "... ширкати "Барқи Тоҷик" дурӯғ мегӯяд. Камобӣ асосан дар фасли зимистон мешавад. Се маротиба кам гуфтан, ҳеҷ воқеият надорад. Ин дурӯғ аст ва таги ин нимкосае аст. Чунки барқро медузданду мефурӯшанд. Ба ман ҳамчун мутахассис кафолат диҳанд, ҳамаи инро ҳисобу китоб мекунам ва исбот мекунам, ки ин ҳарфҳо дурӯғ аст". 
Афсӯс, ки худи ин мутахассис ҳам намедонад чӣ мегӯяд ва ба вазъ сарфаҳм намеравад. Гап дар сари камобӣ нест. Гап дар бораи он меравад, ки аз сабаби хунукии аввали баҳор  ҳаҷми об дар маҷрои дарё кам шудааст. Ва бояд ин "мутахассис" огоҳ бошад, ки вақте барфҳо об  мешаванд, оби онҳо дар муддати  на камтар аз 120 соат ба обанбор дохил мегардад. Дар муроҷиатнома ҳам пинҳон дошта нашудааст, ки рӯз ба рӯз ҳаҷми об дар маҷрои дарё зиёд шуда, аз 70-80 то 160-170 мукаабметр дар як сония расидааст. Гунаҳгоркунии бешармона дар бораи он ки ширкати "Барқи Тоҷик" дурӯғ мегӯяд"  ва "барқро медузданду мефурӯшанд" давоми он сафсатаҳои беасоси Ғуломиддин Сайфиддинов аст, ки ҳар сол изҳор менамуд. Фарқ ҳамин аст, ки солҳои пеш ӯ даъво дошт, ки гӯё Ширкати "Барқи Тоҷик" ба Ӯзбекистон барқ мефӯрушад. Ҳоло, ки мо аз Системаи электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ҷудоем, ҳанӯз "аниқ" накардааст, ки барқро ба куҷо мефурӯшем.
 Дар воқеъ, имсол таъминот бо барқ дар давраи душвори тирамоҳу зимистон бамаротиб беҳтар буд. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани реҷаи коркарди обанбори Норак сатҳи оби обанбор то 19 октябри соли 2010 дар нишондоди 910,5 метр нигоҳ дошта шуд. Ин имконият дод, ки таъминоти аҳолии ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар моҳи ноябр то 10 соат ва дар моҳи декабр то 12 соат расонида шуда, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Роғун, Хуҷанд, Қайроққум ва Чкаловск бо энергияи барқ бемаҳдудият таъмин бошанд. Дар давраи амалишавии меъёри нерӯи барқ агар дар соли гузашта истифодабарии барқ дар ҷумҳурӣ 42,7 млн.кВт-соатро дар 1 шабонарӯз ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 48-50 млн.кВт-соат баробар шуд.
Ба 1 январи соли 2011 сатҳи оби обанбори Норак 895,15 метрро ташкил медод, ки нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 2 метру 21 см зиёдтар буд. Аз ҳамин сабаб дар давраи зимистон ва баҳори соли 2011 дар нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва силсиланерӯгоҳҳои Вахш ба микдори 196 млн.кВт-соат барқи иловагӣ истеҳсол карда шуд.
Сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъи мураккаб, яъне сар аз арафаи Наврӯз гузаштан ба реҷаи махсус дар чист? Ҳисобу китоби Хадамоти марказии танзими ШСХК "Барқи Тоҷик" тақрибан ягон носаҳеҳӣ надорад. Ҷадвали интиқоли барқ ба он равона карда шуда буд, ки муштариён ҳарчӣ бисёртар барқ гиранд ва дар як вақт ба ҳисоб гирифта шуда буд, ки аз рӯи ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки дар даҳрӯзаи аввали моҳи март 190-220 мукаабметр дар ҳар сония пешгӯӣ мешуд, хароҷоти об ҷуброн мегардад. Вале аз ибтидои моҳи март ғайрчашмдошт ҳарорат паст фуромад ва ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш ҳамагӣ 63-80 мукаабметр дар ҳар сонияро ташкил дод. Ин боис гашт, ки аз захираи обанбор зиёдтар истифода бурда шавад ва ҳаҷми оби захиравии мо хеле кам гардад. Дар рӯзи 22 март  обанбор дар сатҳи 858 метру 37 сантиметр қарор дошт, ки ин аз сатҳи минималии техникӣ ҳамагӣ 1 метру 37 сантиметр зиёд буд. Аз ин миқдор ҳар рӯз 35-40 сантиметр об сарф мегардид... Ҳоло бошад, масалан, дар рӯзи 2 апрели соли 2011 ҳаҷми обанбор дар сатҳи 857 метру 38 сантиметр қарор дорад. Воридоти об дар ҳар сония 270 - 290 мукаабметрро ташкил медиҳад. Тавре аз рӯи ҳисобҳо дақиқ гардид, дар моҳи март ҳисоби миёнаи ҳаҷми об дар дарёи Вахш дар ҳар сония 172 метри мукаабро ташкил дод. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 310 метри мукааб дар ҳар сония буд. Аз сабаби кам будани маҷрои дарёи Вахш ва ба сатҳи пасттарини техникӣ наздик шудани сатҳи обанбор ҳанӯз ҳам системаи энергетикии мо аз рӯи реҷаи махсус кор мекунад. Дар сурати дар ҳар сония ба 350-400 мукаабметр расидани ҳаҷми об дар маҷрои дарё ҳолат пурра ислоҳ мегардад. 
Ҳамин аст сабаби аслии вазъият. Агар реҷаи махсус амалӣ карда намешуд, вазъи таъмини барқ хеле мураккаб мегашт.  Бо вуҷуди ин, ҳарчанд ҳоло ҳаво рӯ ба гармӣ овардааст ва ин  вазъият  муваққатист,  норасоиҳои барқ ногувориҳои зиёде меорад. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз, ки ҷашни муқаддаси аҷдодии мост, рух додани ин вазъ махсусан боиси таассуф аст. Вале чӣ бояд кард, ки инсон дар назди носозгориҳои табиат ҳанӯз дасткӯтоҳ аст.
Бисёр нашрияҳои кишвар фаҳмидаву нафаҳмида ва дониставу надониста бобати ин ҳолат суханони пасту баланд ва фактҳои беасос нашр намуданд. Ва маркази Матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" лозим донист, ки ба хотири ифшои асли масъала барои муштариёни нерӯи барқ  ин шарҳро интишор намояд. Албатта, ин шарҳ на барои он аст, ки ширкати "Барқи Тоҷик" худро сафед кардан мехоста бошад. Не, мақсад дигар аст: мехоҳем, ки мардум ба овозаҳо, ки мақсади аслии муаллифони онҳо дигар аст, бовар накарда, асли қазияро эҳсос намоянд.
Аҳолии мамлакат бояд огоҳ бошанд, ки ин мушкилот муваққатист, дигар бозгашт ба зимистон ғайриимкон аст ва дар рӯзҳои наздиктарин вазъи таъминоти пурра бо барқ барқарор хоҳад шуд.

Маркази матбуоти
ШСХК "Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3149
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед