мулоқотҳо
Президент кадрҳои навтаъйиншударо ба масъулиятшиносӣ даъват кард
11 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар як қатор сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсунов директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боймуҳаммад Сафаров муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сӯҳроб Валимадов муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Абдулҳамид Нозимов бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Сайдамир Ҷононов директори филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва Назрулло Амиров директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро ба заҳмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлати Тоҷикистон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои муҳими бар дӯшашон гузошташударо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ иҷро намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2049