маориф
Баргардонидани муассисаҳои томактабӣ
ба кӯдакон идома дорад
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки 28 хонандаи мактабҳои кишвар дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дар олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Алҳол 133 хонанда дар Туркия ва 58 хонанда дар Русия дар даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ иштирок доранд.
Имсол 874 хонанда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дониши худро санҷиданд.
Фаъолият дар самти таҳсилоти томактабӣ бо вуҷуди ҷой доштани мушкилот мусбат арзёбӣ шуд. Агар то соли 2005 фурӯши муассисаҳои томактабӣ авҷ гирифта бошад, аз он ба баъд марҳилаи баргардонидани онҳо оғоз ёфтааст. Аз ҷумла, гимназияҳои "Ҳилол", "Ҳотам ва ПВ" фурсат хостанд, ки имсол чунин муассисаҳоро холӣ кунанд. Дар шаҳри Душанбе 2 кӯдакистон ба истифода дода шуд. 8 кӯдакистони дигарро аз таъмири асосӣ бароварда, муҷаҳҳаз гардониданд.
Абдуҷаббор Раҳмонов баён дошт, ки мушкили камбуди омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва сифати таълим ҳанӯз ҳал нашудааст. Вазир ҳамчунин нарасидани мизу курсиҳои мактабиро аз мушкилоти соҳа ҳисобид ва гуфт, ки он тадриҷан ҳал мегардад. Аммо изҳори нигаронӣ кард, ки дар чорабиниҳои баъзе аз мақомоти маҳаллӣ мизу курсиҳои мактабӣ зиёд ва бераҳмона истифода мешаванд.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5518