logo

илм

Оё дунё ба охир мерасад?

Нишасти матбуотии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бидуни муаррифии фаъолияти соҳа,  бо пурсиши  намояндагони ВАО ва посухи  масъулон сурат гирифт.
 Бино ба посухи академик Маҳмадшо Илолов,  Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, давоми ин семоҳа низ дар радифи корҳои таҳқиқӣ    таҷдиди сохтори идории ин муассисаи илмии кишвар идома ёфт. Тибқи қарорҳои  Ҳукумат бар асари муттаҳидсозии чанд пажӯҳишгоҳ  институтҳои  нави геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология; ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо; иқтисодиёт ва демография; забон , адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис ёфтанд ва сарварони онҳо низ таъйин гаштанд.  Аз ҷумла  рӯзи гузашта  Акбар Турсунов, файласуфи шинохта, директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъйин шуд.
Устод Акбар Турсунов, дар  нишаст ба пурсиши хабарнигорон иброз дошт, ки бо фаъолияти институт шинос шуда, дурнамои кори онро тарҳрезӣ намудаанд. Ба андешаи мавсуф дар пажӯҳишгоҳ  корҳои илмии ҷолиб зиёданд, ки онҳо минбаъд низ идома дода мешаванд. Дар институт ҳеҷ гуна тағйироти кадрӣ ба амал намеояд, чун мутахассисон   намерасанду дарёфти истеъдод ва ҳосили таҷриба ҳам кори осон   нест, азм дорад муҳаққиқонро  сарҷамъ намуда,  айни замон  ҷавононро ба кор ҷалб созад. Инчунин корҳои таҳқиқии пажӯҳишгоҳро тадриҷан  ба сатҳи талаботи меъёрҳои  ҷаҳонӣ мувофиқ намояд.
Роҷеъ ба фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои дигар низ саволҳо буданд. Пурсише, ки низ  боиси таваҷҷӯҳи ҳозирон гашт, андешаи
дар шабакаи интернетӣ паҳншудаи соли 2012 қатъ гардидани ҳаёт дар рӯи Замин буд. Магар дунё ба охир мерасад ва дар ин мавзӯъ  олимони тоҷик чи гуна таҳқиқот  доранд?
Тибқи посухи коршиносони пажӯҳишгоҳи физика ва геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймсмология, хавфи он зилзилаву вулқон ва тӯфонҳои баҳрие, ки дар Ҷопон ва кишварҳои дигар ба назар мерасад, ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст ва минбаъд низ нахоҳад шуд, зеро иқлими мо мутлақо дигар аст.  Аммо ба андешаи Акбар Турсунов, доктори илмҳои фалсафа, масъалаи ба охиррасии дунё проблемаи танҳо ин ё он соҳаи илм нест. Ҳатто омилҳои зиёди иҷтимоиву сиёсӣ ҳам, мисли ҷанги ҳастаии ду кишвари абарқудрат метавонад боиси маҳви сайёра шавад. Омили иҷтимоии афзоиши бемайлони аҳолии Замин ва ё нарасидани захираҳои хӯрокворӣ метавонад боиси ҷанги ҳамагонӣ ва ҳалокати башар гардад.   Инчунин мушкилоти кайҳонии  ба миёномада, яъне бархӯрди Замин бо астероид ва кометаҳо низ эҳтимоли маҳви Заминро имконпазир мегардонад. Илм ҳаракати кометаҳоро омӯхта, роҳҳои пешгирии бархӯрд бо онҳоро муайян кард. Ин гуна хатарҳо ҳамеша вуҷуд доранд ва онҳоро  инсоният метавонад пешгирӣ намояд, агар ҳамеша аз паи кор бошад.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5352
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед