logo

энергетика

"Барқи Тоҷик": Маҳдудият бардошта шуд

Ҳамватанони гиромӣ,
Ширкати "Барқи Тоҷик" ба самъи мардуми шарифи кишвар мерасонад, ки вобаста ба зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш ва пайдо шудани шароити мувофиқ бобати истеҳсоли барқ аз 17 апрел сар карда дар мамлакат маҳдудияти интиқоли барқро  барҳам дод.
Дар давраи сипаришуда ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ва афзалияти сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ки эҳтиёҷ бо барқ бештар буд, маҳдудияти барқ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле дер, аз моҳи декабр оғоз ёфт. Бар замми ин, пойтахти кишвар, марказҳои вилоятҳо, як қатор шаҳрҳои саноатӣ ва марказҳои маъмурии ноҳияҳо пурра бо барқ таъмин буданд ва мардуми деҳот дар ин давраи  10 -12  соатӣ барқ гирифтанд, ки ин нисбати солҳои пешин ҳаҷман хеле зиёд буд.
Тавре пешакӣ иттилоъ дода будем, бо сабаби дар ибтидои моҳи март ғайричашмдошт паст шудани ҳарорати ҳаво ва якбора кам шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат хеле коҳиш ёфт. Вазъияти ба амаломада тақозо намуд, ки дар интиқоли барқ реҷаи махсус ҷорӣ карда шавад. Бо вуҷуди ин,  аз "фурсати муносиб" истифода бурда, гурӯҳе мақсаднок дар байни мардум овозаҳои бардурӯғи иғвоангез паҳн намуданд, ки  гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ба хориҷи кишвар нерӯи барқ ё об фурӯхта бошанд. Мардуми шарифи кишвар эҳсос намуд, ки ин овозаҳо ғаразнок ва беасосанд, зеро айни ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ вуҷуд надорад ва ба Ӯзбекистон фурӯхтани об аз ҳарзае беш нест.
Хотиррасон менамоем, ки дар ин шабу рӯз низ ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш дар ҳар сония 550-560 метри кубиро ташкил медиҳад. Ҳол он ки соли гузашта дар ин шабонарӯз ҳаҷми ин нишондод беш аз  1000 метри кубӣ дар ҳар сония буд.
Инак, ин душвориҳо паси сар шуданд  ва алҳол тамоми манотиқи кишвар бе ягон маҳдудият барқ мегирад. Роҳбарияти ширкат ба сокинони кишвар бобати дарки амиқи масъала дар давраи ҷорӣ шудани реҷаи махсус ва сабру таҳаммулашон дар ҷавоби овозаҳои иғвоангез самимона арзи сипос намуда, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки аз сабаби кам будани захираи имсолаи барф ва барои тирамоҳу зимистони оянда захира намудани об дар обанбори Норак то ба ҳадди даркорӣ, ҳар қадар имкон аст, аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд.

Маркази матбуоти
ШСХК "Барқи Тоҷик"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3081
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед