суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, 15 апрели соли 2011
Мӯҳтарам иштирокчиёни конфронс!
Меҳмонони гиромӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо барои иштирок дар чорабинии байналмилалии имрӯза, ки ба баррасии яке аз масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон - ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бахшида шудааст, хайрамақдам мегӯям.
Итминон дорам, ки дар ҷараёни конфронс паҳлӯҳои гуногуни рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати муайян намудани қадамҳои минбаъда дар ин самт тавсияҳои судманд таҳия ва пешниҳод хоҳанд шуд.
Соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ буда, яке аз ҳадафҳои стратегии мо таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз дараҷаи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.
Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шудаанд, ки мақсади асосии он таҷдиди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад. Зикр кардан бамаврид аст, ки тадбирҳои мазкур аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бармеоянд.
Дар ин самт, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи замин, ҳуқуқи истифодабарии якумраи замин, инчунин ба мерос мондани онро амалӣ гардонида истодааст. Ҳоло зарурати ба як қатор қонунҳои амалкунанда ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш омадааст. Аммо дар ин раванд паҳлӯҳои иҷтимоии ислоҳоти заминро низ дар мадди назар бояд дошт, зеро мо мамлакати камзаминем ва ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи оқилонаи замин вобастагӣ дорад.
Дар се соли охир бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тавассути бонкҳо маблағҳои зиёд ҷудо гардида, бо истифодаи онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои кишоварзӣ як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуданд.
Ҳамчунин тайи даҳ соли охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат бо ҷалби маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ мавриди амал қарор дода шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2010 ҳаҷми умумии он 9,4 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2009-ум 7 фоиз зиёд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2009 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли ғалладона ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расид, ки ин ба паст кардани шиддати болоравии нархи маводи асосии ғизоӣ мусоидат намуд.
Вале аз таҳлили раванди таъмини амнияти озуқавории кишвар бармеояд, ки тадбирҳои андешидашуда ва ҷараёни татбиқи онҳо ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бозори истеъмолии мамлакат ҳанӯз ҳам аз маводи ғизоии воридотӣ вобастагии калон дорад.
Ба мақсади танзими ин раванд мо бояд сохторҳои бозории хариду фурӯши маҳсулоти хӯроквориро тақвият бахшем.
Инфраструктураи соҳа низ таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб менамояд. Солҳои пеш инфраструктураи соҳаи кишоварзӣ асосан ба нигаҳдорӣ, коркард ва фурӯши пахта равона шуда буд. Ҳоло зарур аст, ки он барои дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ омода карда шавад. Алалхусус масъалаи сохтмони анборҳои махсусгардонидашудаи нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда талаби замон аст.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар дунё фермерҳо ва хоҷагиҳои хурди фермерӣ наздики 2,5 миллиард аҳолӣ ё худ аз се як ҳиссаи аҳолии сайёраро ташкил дода, ҳаҷми зиёди маводи ғизоиро истеҳсол менамоянд. Чунин хоҷагиҳо дар кишвари мо миқдори назарраси заминҳои корамро истифода намуда, дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда доранд. Аз ин лиҳоз, иштироки онҳо дар таъмини талаботи озуқавории мамлакат хеле муҳим мебошад ва мо бо дарназардошти нақши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти дастгирии онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем. Ҳукумат ба кишоварзон озодии интихоби истеҳсоли ин ё он маҳсулоти кишоварзиро бо дарназардошти дараҷаи даромаднокии онҳо фароҳам овардааст, яъне ба фаъолияти хоҷагидории онҳо дахолат надорад. Давлат истеҳсоли маҳсулоти озуқавории камдаромадро низ тавсия намуда, истеҳсоли онҳоро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ - болоравии нархи ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ буда, ҷараёни рушди бозори ҷаҳонии озуқа водор менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаи аграрӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шавад.
Ба ин мақсад таъсиси бозорҳои хариду фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ бо тамоми инфраструктураи зарурӣ дар атрофи шаҳрҳои калон ва маркази ноҳияҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бояд дар асоси истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, замин, об ва ҳимояи муҳити зист ба роҳ монда шуда, дар ин замина рушди босуботи соҳа таъмин карда шавад. Ба мақсади зиёд намудани истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ мо набояд захираҳои табииро бераҳмона ба манфиати худ истифода барем. Фикри фардои фарзандон ва мардуми кишварро кунем, ки ин яке аз ҳадафҳои муҳими рушди босубот ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, дастрасии кишоварзон ба замин ва захираҳои молиявӣ, аз ҷумла барои хоҷагиҳои хурду миёна, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддати имтиёзноки бонкӣ ва ҷалби маблағгузорӣ барои рушди деҳот, андешидани чораҳои мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, парвариш ва зиёд намудани тухмии аълосифат аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди соҳа мебошанд.
Тақвият бахшидани тадбирҳои идоракунӣ ва рушди бахшҳои гуногуни соҳа мувофиқи қарорҳои қабулкардаи Ҳукумат зарур шуморида мешавад. Инчунин бояд дар асоси чорабиниҳои пешбининамудаи ислоҳоти соҳа вазифаҳои идоракунӣ дар сатҳи вазорату идораҳо, вилоятҳо ва ноҳияву ҷамоатҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити муфид барои тараққиёти соҳа муайян ва мушаххас карда шаванд. Бо дарназардошти омилҳои зикргардида амалӣ гардонидани ислоҳот ба ҷалби сармояи хусусӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби дигар, пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи замин ва муайян намудани арзиши бозории он, инчунин таҷдиди заминҳои кишоварзӣ тавассути додани сертификатҳо ба хоҷагиҳои оилавӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои беҳтар намудани имкониятҳои ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Омили дигари ташкили механизми маблағгузории соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби бахши хусусӣ - имконияти пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи замин ба сифати гарав буда, дар ин самт мо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои мушаххас ҳамкорӣ карда истодаем.
Яке аз мушкилоти рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ норасоии техникаву технологияи муосир буда, дар ин ҷода зарурати рушди фаъолияти лизингӣ ба миён омадааст. Бинобар ин ба вазоратҳои молия, адлия, кишоварзӣ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии воридот ва истифодаи техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тавассути лизинг чораҳои муассири иловагӣ андешанд. Инчунин бояд механизми фаъолияти лизингӣ (мӯҳлат, пешпардохти қисми арзиш, фоизҳои маблағ) бо дарназардошти фароҳам овардани сабукӣ ба кишоварзон такмил дода шавад.
Дар айни замон, бо мақсади дастрасии бештари кишоварзон ва хоҷагидорон ба қарзҳои дарозмуддати бонкӣ тибқи механизмҳои нави маблағгузорӣ, мо имкониятҳои маблағгузории шарикони рушдро ба соҳаи кишоварзии мамлакат муҳим арзёбӣ мекунем.
Ҳозирини мӯҳтарам ва меҳмонони гиромӣ!
Инсоният ба ҳазорсолаи нав бо мушкилоту масъалаҳои ҷиддии вобаста ба таъминоти маводи озуқа ворид гардид.
Ҳоло дар ҷаҳон 17 фоизи аҳолӣ дар ҳоли гуруснагӣ умр ба сар мебарад ва тибқи пешгӯии олимон дар даҳсолаҳои наздик ин шумора чоряки сокинони сайёраро дарбар хоҳад гирифт.
Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва ниҳоят ҷиддӣ муносибат намоем.
Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем ва вобаста ба ин, зарур аст, ки Барномаи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатӣ таҳия карда шавад.
Бо дарназардошти вазъи кунунии вобаста ба амнияти озуқаворӣ ва болоравии нархи маводи озуқа моҳи декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амнияти озуқаворӣ" қабул карда шуд.
Тибқи қонуни мазкур Шӯро оид ба амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистн таъсис дода мешавад, ки вазифаи асосии он ҳамоҳангсозии тадбирҳои стратегӣ ва амалӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Мо бояд ин иқдомро бо нишондодҳои таъмини амнияти озуқаворӣ мутобиқ намуда, то ба 80 фоизи талаботи умумии аҳолӣ расонидани истеҳсоли маводи зарурии ғизоӣ ноил гардем.
Дар ҷаласаи охирини Форуми миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда, ба монанди мукаммал гардонидани қонунгузорӣ, дастрасии бештари кишоварзон ва хоҷагидорон ба воситаҳои истеҳсолот, маблағгузорӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ, инчунин ислоҳоти хизматрасониҳои мавҷудаи кишоварзӣ, аз қабили таъмини воситаҳои истеҳсолӣ, хадамоти маркетингӣ ва коркарди маҳсулот, хадамоти омӯзишӣ ва ветеринарӣ тибқи талаботи хоҷагиҳои хурду миёнаи кишоварзӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи кишоварзӣ муайян гардиданд.
Аз ҷониби дигар, тақвият бахшидани чорабиниҳо ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини талаботи аҳолӣ ва ба содирот нигаронидани маҳсулот, аз ҷумлаи самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Маҳсулоти 47 ҳазор гектар боғе, ки тибқи Барномаи соҳавӣ то соли 2014 барпо мегардад, коркарду нигаҳдориро талаб менамояд. Ба ин мақсад ба ташкил ва рушди инфраструктураи ин соҳаи муҳим аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст. Ҳоло дар ин раванд як қатор қарорҳои муҳим қабул ва татбиқ гардида истодаанд. Аз ҷумла бо мақсади баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина то андозаи имкон мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, инчунин ба содирот нигаронидани маҳсулоти он Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот қабул гардид, ки асосан чорабиниҳои мушаххаси Ҳукуматро дар самти рушди бахши коркарди маҳаллии меваю сабзавот, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он дар бар мегирад.
Ғайр аз ин, вобаста ба рушди саноати хӯрокворӣ бо ҷалби имкониятҳои бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилӣ чорабиниҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд. Бо ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат коркарди маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, хатҳои нави технологии хушк кардани меваю сабзавот ва истеҳсоли шарбати он васл гардидаанд, ки имрӯз онҳо фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Беҳтар гардонидани истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, аз худ намудани заминҳои нав ва дар асоси барномаҳои соҳавӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи роҳҳои асосии таъмин кардани пешрафти соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда дар бисёр шаҳру ноҳияҳо истифодаи замин, аз ҷумла заминҳои обӣ, инчунин лалмӣ ва чарогоҳҳо ба мақсадҳои ғайрикишоварзӣ сол то сол зиёд шуда истодааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Торафт зиёд шудани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад проблемаи дигари ташвишовари соҳаи кишоварзӣ аст, ки сабаби асосии чунин вазъ ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ, дараҷаи пасти хизматрасониҳои техникии обрасонӣ ва дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани шабакаҳои ирригатсионӣ мебошад.
Соли 2010 дар кишвар зиёда аз 19 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ба ғайр аз ин, солҳои охир 32 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 24 ҳазор гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд. ҳол он, ки Ҳукумат ба хоҷагиҳое, ки заминҳояшон ба воситаи насосҳо обёрӣ мешаванд, доир ба пардохти маблағи барқ имтиёзҳо муайян намудааст.
Бинобар ин, бо мақсади ҳалли тадриҷии ин масъала пешниҳод мегардад, ки дар раванди ислоҳоти соҳаи мелиоратсия идоракунии об дар асоси сарҳадҳои гидрологӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумат сармоягузориҳои хориҷӣ ва маблағҳои шарикони рушд ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити кунунӣ таҳлили амиқи самаранокии навъҳои зироати кишоварзӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ муайян намудани истеҳсоли намудҳои зироат, ки ба қонеъгардонии талаботи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона шудааст, аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт идома бахшидани рушди боғдорӣ, аз ҷумла ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва дигар зироатҳо, инчунин идоракунии самараноки истеҳсоли пахта бо мақсади даромаднок намудани соҳа ва бо ҷои кор таъмин гардидани аҳолӣ мисоли равшан шуда метавонад.
Иқлими Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки мева ва сабзавоти баландсифат бо ҳаҷми бузурги содиротӣ, ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳам дар намуди меваи тар ва ҳам дар намуди хушк пешниҳод карда шавад.
Дар баробари ин, бахши чорводорӣ низ аз лиҳози аҳамияти худ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд шудани даромаднокии хоҷагиҳо аз самтҳои муҳими соҳа мебошад.
Бинобар ин, дар самти рушди устувори соҳаи чорводорӣ бояд ба масъалаҳои таъминнокии соҳа бо хӯрокворӣ, афзоиш додани саршумори чорвои хушзот, барқарор намудани чарогоҳҳо ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои коркарди маҳсулот ва дастрасии онҳо ба бозор бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон саҳми назарраси шарикони рушдро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим арзёбӣ менамояд.
Маҳз бо иштироки фаъолонаи онҳо мо тавонистем масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакорро ҳал намоем, хоҷагиҳоро мавриди таҷдид қарор диҳем ва кадастри заминро пайгирона амалӣ намоем. Вале шароити Тоҷикистон ва иқлими он баъзан душвориҳои зиёдро ба миён меоварад. Имрӯз вазифаи аз ҳама муҳим зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин мебошад. Дар ин ҷабҳаҳо мо ба ҳамкории шарикони рушд умед дорем ва бо итминон изҳор менамоем, ки ҳамроҳ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад, ки ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ муносибатҳои ҳамшарикӣ ба дараҷаи сифатан нав бароварда шаванд.
Аз иштироки намояндагони шарикони рушд дар конфронси имрӯза истифода бурда, пешниҳод менамоям, ки онҳо минбаъд низ дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба таъмини рушди иқтисодии кишвар тавассути амалӣ намудани барномаю лоиҳаҳо фаъолона ширкат намоянд. Дар ин робита, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳо дар ин ё он соҳаи иқтисодиёт тақвият додани ҳамоҳангсозӣ байни худи шарикони рушд аз манфиат холӣ нест.
Мо итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза дар ин самт саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Мо умедвор ҳастем, ки конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тамоми паҳлӯҳои сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷараёни татбиқи афзалиятҳои миллии кишвар ва мушкилоти мавҷударо дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ тавсияҳои амалӣ таҳия менамояд.
Ба ҳамаи шумо будубоши бахайр дар Тоҷикистони мо ва ба кори конфронс барор мехоҳам.
Саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3167