мулоқотҳо
Президент ба қудратиҳо арзи сипос намуд
18 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, нахуст ба роҳбарон ва ҳамаи ҳайати шахсии ин сохторҳо ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар амалиёти зидди дастаи террористии байналмилалии Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) иштироки фаъол доштанд, аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуд.
Таъкид гардид, ки амнияту суботи пойдор асоси ҳама гуна пешрафту тараққиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа аст ва онҳое, ки барои ҳифзи ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар заҳмат мекашанд, пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар ҳамчунин доир ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва пурзӯр намудани мубориза бо унсурҳои ҷиноӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2025