logo

президент

Аз нерӯи барқ ва об сарфакорона истифода барем

Нимаи дуюми рӯзи 20 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарону масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат вазъи молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, вусъати киштукори баҳорӣ, масоили таъмини амнияти озуқавории кишвар ва омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
 Тавре зикр гардид,  дар се моҳи аввали соли равон пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба назар расида, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,5% -ро ташкил дод ва ба 4,4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ба буҷети давлатӣ то 1 апрели соли равон 1 миллиарду 472 миллион сомонӣ ворид шуда, нақшаи даромадҳо ба он 107% иҷро гардид. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 500 миллион сомонӣ зиёд аст.
 Дар баробари ин таъкид гардид, ки қисми хароҷоти буҷет низ рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ аз роҳбарони тамоми сохторҳои марбута талаб карда шуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ва ба ин васила таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар тадбирҳои муассир андешанд.
 Супоришҳои мушаххас доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи босамар аз заминҳои обӣ, азхуднамоии заминҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ дода шуд.
 Бори дигар таъкид гардид, ки аз нерӯи барқ ва захираҳои обӣ сарфакорона ва самаранок истифода баранд.
 Дар назди масъулон, ҳамчунин доир ба истиқболи арзанда аз солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед