мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мэн Ҷянҷу
25 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мэн Ҷянҷу - узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
"Мо аз пайвастагии рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мо аст, қаноатмандем", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Сатҳу мӯҳтавои баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон чун энергетика, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, савдо ва сармоягузорӣ, самараи муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии хуби ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон бо ин, барои боз ҳам бештар густариш додани робитаҳои иқтисодӣ - тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар баробари дигар тадбирҳои судбахш ба таври доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол фаъол гардондани гузаргоҳи сарҳадии Кулма ва ба он додани мақоми байналмилалӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, тавсиаи ҳамгироиҳои муштарак дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2075