мулоқотҳо
Президенти Тоҷикистон фиристодагони Сенати Фаронсаро ба ҳузур пазируфт
22 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Гурӯҳи дӯстии "Фаронса - Осиёи Марказӣ"-и Сенати Ҷумҳурии Фаронсаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳангу мутобиқ ба равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ номида, аз ҷумла изҳор дошт: "Муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо марҳилаи "шинохтани якдигар" ва "мунтазирии қадамгузорӣ ба истиқболи ҳамдигар"-ро пушти сар кардаанд ва метавонанд ба давраи ҳамкории бештару мушаххас ворид шаванд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "чунин ҳолат дар мисоли муносиботи Тоҷикистон бо Фаронса бештар аён мегардад».
Аз ҳамкории сиёсӣ ва низомии миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, зарур шумурда шуд. Ширкати васеи сармояи Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва истифодаи захираҳои фаровони обӣ ба манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ метавонад ба тавсиаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҳам ба таҳкими амнияту суббот дар ин минтақаи фарох мусоидати фаъол намояд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба роҳҳои муассири мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1982