мулоқотҳо
Александр Зуев ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурд
22 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Александр Зуев, ҳамоҳангсози нави доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, эътимоднома қабул намуд.
Зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор шуд, масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз фаъолияти сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки "кори онҳо ба таҳкими амнияту субот дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мусоидати фаъол менамояд".
Гуфтугӯи судманд доир ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон, ки кишвари пешқадами озмоишӣ дар ин самт аст, сурат гирифт. Мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба рушди маорифу тандурустӣ, ба манзури афзалиятнокии ин соҳаҳо, роҳи асосии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола арзёбӣ гардид.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба бартарафсозии мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ аз қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" эълон шудани соли 2013 изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилоти минтақавии Осиёи Марказӣ бо роҳи гуфтугӯи созанда ва ҳамкорӣ ҳаллу фасл мешаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон, таҳкими мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2212