фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009
Дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009
Бо дарназардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 сентябри соли 2008, № 538
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8438