маориф
Василий Чумак - муаллими беҳтарини сол
Имсол дар озмуни "Муаллими беҳтарини сол" - и шаҳри Душанбе Василий Чумак, муаллими физикаи мактаби таҳсилоти умумии № 21-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ҷои якумро соҳиб шуд. 27 сол дорад. Мактаби номбурда ва пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси информатикаи амалӣ хатм кардааст. Сӯҳбате доштем бо ӯ.
- Маълум аст, мактаби № 21 мутахассисони хуби бисёр дорад. Ба андешаи Шумо, чаро маъмурияти мактаб ба ин озмун Шуморо пешбарӣ кард ва миёни чанд довталаб ширкат доштед?
- Маъмурият дониши хуб ва фарогирии хуби фанни физикаро аз ҷониби хонандагони ин мактаб ба эътибор гирифта, маро ҳамчун мутахассиси ҷавону ояндадор, ба ин озмун пешбарӣ кард. Озмун дар се давр гузашт. Дар даврҳои ноҳиявӣ миёни 20 нафар, шаҳрӣ миёни 6 нафар ва ҷумҳуриявӣ миёни 11 нафар қувваю дониши худро санҷидам.
- Дар озмун чӣ шартҳо буданд?
- Нахуст мо бояд намоиши маҳсули эҷоди хонандагонро пешниҳод мекардем. Аз рӯи фан тартиб додани тест, гузаронидани се дарс бо услубу шаклҳои гуногун, навиштани нақшаи тақвимӣ ва таълимӣ, навиштани сенарияи чорабинӣ ва кор бо компютер шартҳои озмун буданд.
- Бовар доштед, ки ғолиби озмун мегардед?
- Ростӣ, чандон боварӣ надоштам. Зеро омӯзгорон аксар таҷрибадор ва ман довталаби ҷавонтар будам. Ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифта буд.
- Дар хусуси услуби дарсдиҳии худ ва то кадом андоза пурсамар будани он мегуфтед…
- Услуби технологияи иноватсиониро истифода мебарам, ки хеле самарабахш аст. Ба он барномаҳои "Физикон" ( кор бо дискҳои сабти корҳои лаборатории аёнӣ), "Физика ва мо" ва "Физика дар таҷриба" дохил мешаванд. Гузаронидани корҳои лабораторӣ бо ин усул таъсирбахш аст. Қобили зикр аст, ки хонандагони мактаби мо аз фанни физика ҳар сол қариб дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол мекунанд.
- Дар озмун бароятон чӣ муҳим буд?
- Пеш аз ҳама он бароям як навъ шароити санҷиши донишу малакаро муҳайё кард. Фаҳмидани он ки сатҳи касбӣ ва услуби дарсдиҳии ман то куҷо самаранок аст, бароям муҳим буд. Дигар ин ки озмун маро соҳиби унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" кард. Ҳамчунин мири шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мукофоти пулӣ - 1000 сомонӣ маро қадр кард ва дигар тӯҳфаҳои молӣ гирифтам.
Зӯҳра САФАРЗОДА,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6010