logo

президент

Дар тақсими заминҳои ҷудошуда адолату қонуният риоя шаванд

28 апрел  таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
 Дар маҷлис нахуст ҳисоботи Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Хатлон, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафарҳои корӣ солҳои 2005-2010 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дода шудаанд, шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  ба раиси вилояти Хатлон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ барои вусъати корҳои кишоварзӣ, омодагии ҷиддӣ ба кишти такрорӣ ва босамар истифода бурдан аз ҳар ваҷаб замини корам, ташкили кори мунтазами корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ супоришҳои мушаххас дод.
 Сипас Иброҳим Абдуллоев, раиси шаҳри Истаравшан, доир ба тақсими қитъаҳои замини бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолӣ ҷудошуда, рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин ва омодасозии инфрасохтори зарурӣ  дар онҳо ҳисобот дод.
 Тавре зикр гардид, дар солҳои 2009 ва 2010 бо се қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои тақсим ба аҳолии ба манзили зист ниёздошта 1310 гектар замин барои беш аз 13 ҳазор оилаи ниёзманд ҷудо гардидааст. Танҳо дар шаҳраки нави Баҳористон, ки дар қитъае аз ҳамин заминҳо бунёд меёбад, беш аз 5 ҳазор оила ҳолати манзилии худро беҳтар хоҳанд сохт. Тибқи нақша, ин шаҳрак аз биноҳои бисёрқабата,  коттеҷҳо, хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ ва ҳамчунин тамоми иншооти зербиноӣ, аз ҷумла дармонгоҳ, шифохона, 3 мактаб, варзишгоҳ, гармоба, бозор, автовокзал, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот иборат хоҳад буд.
 Сарвари давлат доир ба рафти омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 дастур дод, ки корҳо барои омодагии ҷиддӣ аз ҳозир ва тибқи нақшаҳои мушаххас оғоз гарданд.
 Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.
 Лоиҳаи як зумра қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", "Дар бораи милитсия", "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон", "Дар бораи хизмати давлатӣ", "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумрук ва ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод гардид.
 Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузарондани тендери байналмилалӣ барои ҳуқуқи коркарди комплексии захираҳои Конимансури калон таъсис ёфта, ҳайату низомномаи он тасдиқ карда шуд.
 Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти ашёи хоми чорво, аз ҷумла пӯсту пашм, ба хориҷи кишвар манъ карда шуд.
 Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Файзобод барои тақсим ба аҳолии ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла ба ноҳияи Рашт 800 гектар барои 5813 оила ва  ба ноҳияи Файзобод 485,5 гектар барои 5 ҳазор оила ҷудо шуд. Раисони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Рашт ва Файзобод арзи сипосу қадрдонии мардуми ин манотиқро ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  расонда, таъкид доштанд, ки ҳеҷ гоҳ ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ин қадар замин ҷудо нашуда буд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дастур дод, ки тақсими заминҳои ҷудошуда ба аҳолӣ бо риояи адолату қонуният таъмин карда шавад.
 Дар охири маҷлиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуӯҳи ҳозиринро бори дигар ба нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷалб намуда, иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳоро талаб кард. Бо назардошти гармшавии беисти иқлими сайёра ва барои пешгирӣ аз оқибатҳои сангини хушксолии кунунӣ аз роҳбарони сохторҳои марбута ва кулли кишоварзони мамлакат талаб карда шуд, ки аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ ду ва зиёда ҳосил рӯёнда, фаровонии дастурхони худ ва бозори истеъмолиро таъмин намоянд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз давлатдории миллии тоҷикон, ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстию ватанпарварӣ зоҳир карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3719
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед