logo

президент

Арзишмандтарин ҷашни миллиро сазовор истиқбол гирем

26 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо масъулони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул доир ба омодагӣ ба ҷашни солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон машварати корӣ анҷом дод.

Доир ба рафти омодагӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нахуст гузориши Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири кишвар, шунида шуд.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, масъулони дахлдорро вазифадор намуд, ки рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба омодагӣ ба ин ҷашни фархунда мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои дар сатҳу сифати зарурӣ ба роҳ мондани корҳо чораҳои муассир андешанд.
 Таъкид гардид, ки барои тарғибу ташвиқи арзишҳои волои озодӣ, давлатдории миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкорию созандагӣ, ғояҳои ватандӯстию ватанпарварӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории мустақил бояд аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва зиёиёни кишвар васеъ сафарбар гарданд.
 Ҳамчунин таъкид гардид, ки чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишӣ ва солимгардонии аҳли ҷомеа бояд дар тамоми гӯшаю канори кишвар бахшида ба ин санаи пурифтихор васеъ ба роҳ монда шаванд. "Ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва истифодаи босамар аз иншооти варзишӣ низ бояд таваҷҷӯҳи  ҷиддӣ  зоҳир  карда  шавад",  таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
 Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Тоҷикистон солгарди 20-умини Истиқлолияти давлатии кишварро, ки аз арзишмандтарин ҷашнҳои миллии мо ба шумор меравад, бо дастовардҳои пурарзиши бунёдкорию созандагӣ ва ваҳдату ягонагӣ истиқбол мегиранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед