маориф
Фестивали байналмилалии "Садои арғунун" моҳи июн баргузор мегардад
Аслиддин Низомӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки хобгоҳи таълимгоҳ пас аз ду соли тармим пеш аз ҷашни Наврӯз ба истифода дода шуд. Он дорои 370 ҷойи зист аст. Бо навтарин таҷҳизот ва тамоми шароит барои зиндагӣ, тамрин, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ таъмин мебошад.
Ҳунарнамоии донишҷӯён дар фестивал - озмуни театрҳои касбӣ "Парасту -2011" бо намоиши "Моҷарои сари пода" аз дастовардҳои хотирмон маҳсуб меёбад. Мутахассисони соҳа ба маҳорати донишҷӯён баҳои баланд доданд. Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ, рӯзе қабл бо изҳори таассуф гуфт, ки ин намоиш ғайриозмунӣ буд, вагарна ҳатман яке аз ҷойҳои намоёнро сазовор мегашт.
Тибқи иттилои роҳбари муассисаи таълимӣ, 80 нафар омӯзгор ба шаҳру навоҳии кишвар барои дарёфти истеъдодҳо сафари корӣ анҷом медиҳад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигори рӯзнома Аслиддин Низомӣ гуфт, ки фестивали байналмилалии "Садои арғунун" моҳи июни соли ҷорӣ доир мегардад ва ҳамзамон афзуд:
- Арғунуни ягонаи кишвар тибқи нақша бояд моҳи феврал садо медод. Аммо таҷҳизоти зарурӣ барои эҳёи ин сози мусиқӣ сари вақт нарасид. Онро аз тариқи тайёра аз Прага то Бишкек ва аз тариқи нақлиёт ба Душанбе бояд ворид мекарданд. Бар асари воқеаҳои Бишкек дар ин маврид мутахассисон ва масъулини ширкат таваккулро раво надиданд. Аз ин рӯ таҷҳизотро тариқи нақлиёт аз Прага ба Душанбе оварданд. Устоҳои чех алҳол ба тармими он машғуланд ва тармим ду ҳафтаи дигар идома меёбад.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5577