маориф
Омӯзгори оянда ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки…
Зариф Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО оиди фаъолияти устодону шогирдон дар семоҳаи аввал маълумот дода, дар радифи зикри дастовардҳо, аз сатҳи азхудкунии дониш, ки ҳамагӣ 1,7 дарсад афзудааст, изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин давра нисбат ба баҳои хуб теъдоди баҳои омехтаи шогирдон афзуда, бар асари азхуд накардани барномҳои таълимӣ 96 донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст.
Ба андешаи ректор, омӯзгори оянда ҳуқуқи маънавии таҳсил бо баҳои омехтаро надорад, зеро сатҳи пасти маълумоти касбии ӯ ба сифати таълими насли наврас таъсири манфӣ расонида, дар рушди минбаъдаи ҷомеа садду монеа эҷод месозад. Аз ин рӯ ба хотири беҳсозии сифати таҳсил ва созгор намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ беш аз 40 барномаи таълимӣ аз нав таҳия шуд ва ба фаъолияти амаливу пажӯҳишии шогирдон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид,- гуфт Зариф Шарифов.
Бино ба иттилои мавсуф, дастоварди муҳими ин давра таъсиси Маркази нави пажӯҳишӣ аст. Ҳадаф аз фаъолияти он вусъат бахшидан ба корҳои таҳқиқӣ дар риштаи илмҳои дақиқ буда, ба ин хотир ғайр аз сармояи буҷавӣ аз ҳисоби даромади Боғи озмоишии донишгоҳ, воқеъ дар дараи Ромит ва роҳандозии таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ маблағи вижа ҷудо шудааст. Масоҳати боғи мазкур ҳудуди 20 гектар ва теъдоди хориҷиёне, ки ба ҳайси донишомӯзу унвонҷӯ таҳсил мекунанд, дар донишгоҳ беш аз ҳазор аст. Инчунин як гурӯҳ аз кишварҳои ИМА, Канада, Мексика, Испания, Белгия, Австралия, Панама, Зеландияи нав ва Куриёи Ҷанубӣ дар ин ҷо забони тоҷикӣ меомӯзанд.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5536